Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ: Мурғоб пешсаф аст

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то ба имрӯз 36 фоиз иҷро шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод, нақшаи даъват дар ВМКБ – 49%, вилояти Суғд – 38%, Хатлон – 32%, ноҳияҳои тобеи марказ – 34% ва шаҳри Душанбе – 33% […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то ба имрӯз 36 фоиз иҷро шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод, нақшаи даъват дар ВМКБ – 49%, вилояти Суғд – 38%, Хатлон – 32%, ноҳияҳои тобеи марказ – 34% ва шаҳри Душанбе – 33% ба иҷро расидааст.

«Давоми нуҳ рӯз нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ва ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон пурра ба иҷро расида, интизорӣ меравад, ки имрӯз ноҳияи Дарвоз низ аз иҷрои нақша мужда медиҳад», – гуфт Маҳмадалиев.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.