Ким Чен Ин ҳайати Кореяи Шимолиро ба Тоҷикистон мефиристад

Сафари ҳайати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ли Ён Хо рӯзҳои 13-15 апрел дар назар аст. Дар ҷараёни сафар Ли Ён Хо бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дидору гуфтушунид карда, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ, ҳамчунин масоили марбут ба амният дар ҷаҳон баррасӣ мешаванд, хабар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафари ҳайати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ли Ён Хо рӯзҳои 13-15 апрел дар назар аст.

Дар ҷараёни сафар Ли Ён Хо бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дидору гуфтушунид карда, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ, ҳамчунин масоили марбут ба амният дар ҷаҳон баррасӣ мешаванд, хабар медиҳад департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии  Корея ҳамақида мебошад.

«Ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд», – қайд шуда буд он замон дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Зикр гардида буд, ки дар ин замина, Тоҷикистон  аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ҷонибдорӣ мекунад ва даъват ба амал меорад, ки Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии  Корея меъёрҳои дахлдори ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро ба таври ҳатмӣ иҷро намояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.