БМТ дар бораи поинравии нарх ба сӯзишворӣ маълумот медиҳад

Сатҳи таваррум дар моҳи марти соли ҷорӣ тамоюли коҳишёбии худро ба монанди моҳи қаблӣ (феврали с.2018) идома дода, бо нишондиҳандаи манфии -1,0 фоиз ҷамъбаст гардид, ки нисбат ба моҳи марти соли гузашта ба андозаи 2,5 банди фоизӣ кам мебошад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба таварруми ҳосилшуда асосан коҳишёбии нархи маҳсулотҳои […]

Дафтари матбуоти БМТ

Сатҳи таваррум дар моҳи марти соли ҷорӣ тамоюли коҳишёбии худро ба монанди моҳи қаблӣ (феврали с.2018) идома дода, бо нишондиҳандаи манфии -1,0 фоиз ҷамъбаст гардид, ки нисбат ба моҳи марти соли гузашта ба андозаи 2,5 банди фоизӣ кам мебошад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба таварруми ҳосилшуда асосан коҳишёбии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба андозаи -2,0 фоиз таъсир расонид. Инчунин, дар ин моҳ нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ 0,1 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 0,4 фоиз афзуданд.

Аз ҷумла, дар сохтори тағйирёбии таваррум дар моҳи ҳисоботӣ поёнравии нархи бархе аз маҳсулотҳои серистеъмоли аҳолӣ, аз қабили орд, тухм, шакар, равғани пахта, шир, картошка, пиёз, сабзӣ, карам ва ғайра мушоҳида гардид.

Инчунин, нархи маводи сӯзишворӣ, ба монанди гази моеъ раванди коҳишёбӣ дошт, ки ин пеш аз ҳама бо воридшавии зиёди ин маҳсулот арзёбӣ гардида, ба муътадил шудани нархи он оварда расонид.

Аз аввали сол сатҳи таваррум -0,8 фоизро ташкил дод. Сатҳи таварруми солона бошад (дар 12 моҳи охир), дар моҳи марти соли ҷорӣ ба 2,5 фоиз баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳи қаблӣ ба андозаи 2,7 банди фоизӣ кам мебошад.

Пешбинӣ мегардад, ки сатҳи таваррум дар соли 2018 раванди муътадилро идома дода, дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0% ± 2 б.ф.) нигоҳ дошта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио