Боздиди сармоягузорони амрикоӣ аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Ҳайати амрикоӣ аз намояндагони бонки бузурги сармоягузории “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske иборат буд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), бо мақсади шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла вазъи низоми бонкӣ, ҳайати сармоягузорони ИМА рӯзи 9 апрел ба Тоҷикистон ташриф […]

Asia-Plus

Ҳайати амрикоӣ аз намояндагони бонки бузурги сармоягузории “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske иборат буд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), бо мақсади шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла вазъи низоми бонкӣ, ҳайати сармоягузорони ИМА рӯзи 9 апрел ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар доираи сафар онҳо дар ҳамроҳӣ бо муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун боздид намуданд.

 

Гурӯҳи бонуфузи сармоягузоронро дар шаҳри Роғун директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафарзода пешвоз гирифта, дар бораи сохтмони иншооти бузурги аср дар Тоҷикистон ва корҳои дар ин самт анҷомшуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Гуфта мешавад, ҳайати Бонки амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske харидорони фаъоли вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Евробондҳо) буда, таҳти идораи худ фондҳои бузургтарини сармоягузории ҷаҳониро дар ихтиёр доранд.

Сармоягузорони амрикоӣ дар Душанбе бо намояндагони Вазорати молияи Тоҷикистон ва кормандони намояндагиҳои Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байнулмилалии асъор ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон дидору гуфтушунидҳо анҷом доданд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта Тоҷикистон дар бозори байнулмилалии коғазҳои қиматнок ба маблағи 500 млн. доллар вомбаргҳои давлатиро фурӯхта, воситаҳои аз ин ҳисоб бадастомада ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона мегарданд.

Вомбаргҳо аз ҷониби сармоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) харидорӣ шуданд. То соли 2025 ба қарздиҳандагон танҳо фоизҳо (7,1 фоизи солона) пардохта шуда, қарзи асосӣ се соли минбаъда (2025-2027) баргардонида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.