Шарҳи сабабҳои болоравии арзиши боркашонӣ тариқи роҳи оҳан дар Суғд

Раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» болоравии арзиши боркашониро тариқи роҳи оҳан дар вилояти Суғд шарҳ дод. «Болоравии тарифҳо бо мақсади тартибу танзими ҳамлу нақли бору маҳслуот дар қитъаҳои роҳи оҳани КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон амалӣ шуд», – гуфт ба «Азия-Плюс» муовини сардори корхона Усмон Қаландаров. Ба қавли ӯ, то соли 2011 – 70 фоизи боркашонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» болоравии арзиши боркашониро тариқи роҳи оҳан дар вилояти Суғд шарҳ дод.

«Болоравии тарифҳо бо мақсади тартибу танзими ҳамлу нақли бору маҳслуот дар қитъаҳои роҳи оҳани КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон амалӣ шуд», – гуфт ба «Азия-Плюс» муовини сардори корхона Усмон Қаландаров.

Ба қавли ӯ, то соли 2011 – 70 фоизи боркашонӣ ба қитъаи Душанбе, 20 фоиз – ба қитъаи Суғд ва 10 фоиз – ба қитъаи роҳи оҳани Хатлон рост меомад.

Номбурда қайд кард, ки айни замон 80 фоизи боркашонӣ тариқи роҳи оҳан бо самти шимол сурат гирифта, дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ин нишондиҳанда 20 фоизро ташкил медиҳад.

«Мувофиқи созиши ҳосилшуда, аз 10 март Ӯзбекистон ҳамаи тарифҳои болорафта ба транзити бори Тоҷикистон дар қаламрави худро бекор намуда, масалан арзиши ба шимоли Тоҷикистон овардани 1 тонна маҳсулоти нафтӣ тариқи қаламрави Ӯзбекистон ба ҳисоби миёна аз 70 то ба 25 доллар ва ба ҷануби кишвар – аз 170 то 70 доллар кам шуд», – қайд кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки боркашонӣ дар қаламрави худро ба тартиб оварда, мисли соли 2011 қисмати асосии ҳамлу нақли бору маҳсулотро аз шимоли Тоҷикистон ба ҷануби кишвар гузаронад.

Дар ин робита, гуфт дар идома Қаландаров, раҳбарияти корхона тасмим гирифт, ки дар минтақаи Суғд тарифҳои баландро муқаррар намояд, ки дар муқоиса бо тахфифҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Ӯзбекистон чандон назаррас нестанд.

Бино ба маълумоти корхона, то пешниҳоди тахфифҳо (то 10 март) ҳамлу нақли 1 тонна маҳсулоти нафтӣ (бо самти Келес – Хуҷанд) 84,13 доллар ва аз 5 апрели соли равон – 59,39 долларро ташкил медиҳад. Нархи кашонидани 1 тонна гази моеъ дар ин давра аз 43,95 то ба 37,89 доллар ва дигар бору маҳсулот – аз 33,37 то ба 26,77 доллар кам шудааст.

Ба гуфтаи Қаландаров, тағйир додани боркашонии маҳсулоти таъиншуда ба қисмати марказӣ ва ҷанубии кишвар ба самти дигар фоидаи зиёд дорад.

Ӯ қайд кард, ки то ҳозир қисмати зиёди ин бору маҳсулот бо қатора ба вилояти Суғд оварда шуда, аз он ҷо лозим меояд, ки тариқи нақлиёти автомобилӣ ба қисмати ҷанубии кишвар интиқол дода шавад.

Ба андешаи муовини сардори корхона, ин ҳолат ба хароҷоти иловагӣ, талафи вақти гаронбаҳо ва дар ниҳояти кор ба афзоиши нархи бору маҳсулот боис мегардид.

Таъкид шуд, ки интиқоли бору маҳсулот тариқи автомашинаҳои бузургҳаҷм аз шимол ба ҷануб ҳамчунин ба фарсудашавии роҳи Душанбе – Хуҷанд низ оварда мерасонад, ки ба корҳои таъмиру навсозии он маблағи хеле зиёд масраф шудааст.

Зимнан хотиррасон шуд, ки дар мавсими зимистон боркашонӣ дар қитъаҳои кӯҳистони ин роҳ  хатарнок буда, ҳолатҳои зери тарма мондани автомашинаҳои бузургҳаҷми боркашонӣ ва ҳалокат одамон ба қайд гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.