КДАМ: Мусодираи наздики 14 кило ҳашиш дар Душанбе

Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ наздики 14 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиши афғониро мусодира карданд. Ба гумони дст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар кормандони Кумита як гурӯҳи иборат аз 12 нафарро боздошт намуданд. Миёни боздоштшудагон 5 нафар сокинони шаҳри Душанбе – Тоҷиддин Хабирови 33-сола, Диловар Шерови 29-сола, Насимҷон Раҷабови […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ наздики 14 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиши афғониро мусодира карданд.

Ба гумони дст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар кормандони Кумита як гурӯҳи иборат аз 12 нафарро боздошт намуданд.

Миёни боздоштшудагон 5 нафар сокинони шаҳри Душанбе – Тоҷиддин Хабирови 33-сола, Диловар Шерови 29-сола, Насимҷон Раҷабови 33-сола, Фирдавс Зеваршоеви 39-сола ва Ҳалим Аҳмадбекови 53-сола ҳузур доранд.

«Ҳудуди 24 кило ҳашиш дар хонаи яке аз сокинони пойтахт дарёфт ва мусодира шуд. Маводи нашъаовар барои фурӯш дар Душанбе аз шаҳри Хоруғ оварда шудааст», – хабар медиҳад маркази матбуоти КДАМ.

Нисбати ҳамаи боздоштшудагон мутобиқи моддаи 200, қ. 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.