Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бинои нави сафораташро месозад

Ӯзбекистон ният дорад, ки дар Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамчунин як қатор кишварҳои дигар бинои нави сафоратхонаҳояшро созад, хабар медиҳад CA-NEWS бо такя ба маълумоти ВАО-и Ӯзбекистон. Гуфта мешавад, ин дар барномаи тадбирҳои комплексӣ оид ба такмили низоми фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст. Масъалаи сохтмони бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аввали сол, пеш […]

Asia-Plus

Ӯзбекистон ният дорад, ки дар Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамчунин як қатор кишварҳои дигар бинои нави сафоратхонаҳояшро созад, хабар медиҳад CA-NEWS бо такя ба маълумоти ВАО-и Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, ин дар барномаи тадбирҳои комплексӣ оид ба такмили низоми фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Масъалаи сохтмони бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аввали сол, пеш аз сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба миён омада буд.

Манбаъҳо дар намояндагиҳои дипломатии кишварҳо хабар дода буданд, ки ҷонибҳо дар мавриди ба ҳамдигар ҷудо кардани қитъаи замин дар маркази пойтахти кишварҳо барои сохтмони бинои нави саофратхонаҳо созиш ҳосил кардаанд.

Дар барномаи зикршуда беҳбуди таъмини моддӣ-техникии муассисаҳои берун аз ҳудуди кишвар, аз ҷумла тавассути муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо мебел, техникаи тадорукотӣ ва воситаҳои нақлиёт низ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамаи ин тадбирҳо дар лоиҳаи қарори президенти Ӯзбекистон дарҷ хоҳанд шуд, ки бояд то охири соли 2018 таҳия гардад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буданд, ки барои сохтмони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Тошканд 1 гектар қитъаи замин ҷудо мешавад.

«Қитъаи замин дар маркази Тошканд ҷудо шуда, корҳои сохтмони бинои сафорат, манзил барои дипломатҳои тоҷик, дигар иншооти зарурӣ ва ободонии қаламрави бино аз ҳисоби буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад», – гуфта буд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.