Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор байни дастаҳои футболи «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Олой» (Қирғизистон) бозии даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» доир мегардад. Оғози вохӯрӣ соати 19:00; – Дар қаҳвахонаи «Тапиока» дар кӯчаи Бохтар, хонаи 3 (мавзеи назди Dushanbe Plaza) аз соати 17:00 то 21:00 намоишгоҳи «Расмҳои занон» баргузор мешавад. Воридшавӣ озодона аст. ҚУРБИ […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор байни дастаҳои футболи «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Олой» (Қирғизистон) бозии даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» доир мегардад. Оғози вохӯрӣ соати 19:00;

– Дар қаҳвахонаи «Тапиока» дар кӯчаи Бохтар, хонаи 3 (мавзеи назди Dushanbe Plaza) аз соати 17:00 то 21:00 намоишгоҳи «Расмҳои занон» баргузор мешавад. Воридшавӣ озодона аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8212 сомонӣ;

1 евро – 10.8977 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1411 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1919 – Таъсиси Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ).

2001 – Дар Душанбе бар асари амали террористӣ муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Ҳабиб Сангинов ба ҳалокат расид.

2011 — Тоҷикистон ва САҲА дар бахши рушд ва ислоҳоти милитсияи тоҷик Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

2017 — Президенти Тоҷикистон дар бораи таъини писараш Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси шаҳри Душанбе фармон ба имзо расонид.

2017 — Ҳавопаймои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлари» тариқи хатсайри мустақим аз Тошканд бо 29 муософир соати 08:05 дақиқа ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.

1931 – Зодрӯзи журналист Гулназар Хушназаров.

1955 – Мавлуди овозхони эстрада, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Махфират Ҳамроқулова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +15+20.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона 0+5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +22+24.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.