TK Mobile бозори алоқаи Тоҷикистонро тарк мекунад

Ширкати TK Mobile моҳи феврал ба муштариёни худ смс-паёмак фиристода, онҳоро огоҳ намуд, ки дигар тавозуни пулии худро пур накунанд. Моҳи март алоқаи 10 ҳазор нафар муштариён қатъ шуд. Дар худи ширкат ба собиқ муштариён тавсия медиҳанд, ки сим-кортҳои нави дигар ширкатҳои мобилиро харидорӣ намоянд. Ба гуфтаи муовини директори TK Mobile Нурмад Шукуров, ширкат ба […]

Asia-Plus

Ширкати TK Mobile моҳи феврал ба муштариёни худ смс-паёмак фиристода, онҳоро огоҳ намуд, ки дигар тавозуни пулии худро пур накунанд. Моҳи март алоқаи 10 ҳазор нафар муштариён қатъ шуд.

Дар худи ширкат ба собиқ муштариён тавсия медиҳанд, ки сим-кортҳои нави дигар ширкатҳои мобилиро харидорӣ намоянд.

Ба гуфтаи муовини директори TK Mobile Нурмад Шукуров, ширкат ба корхонаи асосии худ – ZTE қарздор шудааст.

«Ширкати ZTE-и Чин барои мо – филиали тоҷикистонӣ таҷҳизот харида, лекин дар натиҷа мо қарзҳоро баргардонида натавонистем. Дар ин робита ZTE бо талаби муфлис эълон кардани ширкат ба Суди иқтисодӣ даъво пеш овард», – иброз дошт вай.

Номбурда зикр кард, ки TK Mobile пул надорад, то ки қарзаҳоро баргардонад, лекин дар бораи маблағи қарз маълумот надод.

«Аз ин рӯ, ягона коре, ки мо карда метавонем, худро бо қарори Суди иқтисодӣ муфлис эълон кардан аст», – илова намуд Шукуров.

Ёдрас мекунем, ки TK Mobile дар бахши хизматузории телекоммуникатсионӣ бо стандарти CDMA2000 фаъолият намуда, соли 2004 таъсис ёфта буд. Ширкат дар заминаи гуфтушунид ва ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия байни Вазорати алоқаи Тоҷикистон ва Корпоратсияи телекоммуникатсионии ZTE-и Чин боз шуда, 51%-и саҳмияҳои ширкат ба ҷониби Чин ва 49% – ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.