Ғалабаи «Истиқол» бар «Олой» дар вохӯрии Ҷоми КФО-2018

Дар бозии даври сеюми мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Олой» (Қирғизистон) дар гурӯҳи «D» футболбозони тоҷик ба пирӯзӣ даст ёфтанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи душанбегиҳо анҷом ёфта, тӯби ягонаро дар дақиқаи 48-ум Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи 11-метра ба нишон […]

Asia-Plus

Дар бозии даври сеюми мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Олой» (Қирғизистон) дар гурӯҳи «D» футболбозони тоҷик ба пирӯзӣ даст ёфтанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи душанбегиҳо анҷом ёфта, тӯби ягонаро дар дақиқаи 48-ум Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи 11-метра ба нишон расонд.

Бозии дигари гурӯҳи «D» байни дастаҳои «Аҳал» ва «Олтин Асир» (ҳарду даста аз Туркманистон) мусовӣ – 0 бар 0 анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ баъди се вохӯрӣ дар гурӯҳи «D»  дастаи «Истиқлол» бо касби 7 имтиёз зинаи якум, «Олтин Асир» бо 5 имтиёз – дар зинаи дуюм, «Аҳал» бо 4 имтиёз – дар зинаи сеюми ҷадвал қарор доранд. «Олой» то ҳол ягон имтиёзе нагирифта, дар мақоми охир қарор дорад.

Бозиҳои даври чоруми Ҷоми КФО дар гурӯҳи «D» рӯзи 25 апрел баргузор мешаванд. «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо «Олой» бозӣ карда, «Олтин Асир» дар майдони худ «Аҳал»-ро қабул мекунад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар минтақаи Марказӣ 7 март оғоз гардида, 16 май ба итмом мерасад. Танҳо ғолиби гурӯҳ ба марҳилаи минбаъда роҳхат мегирад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ, бозиҳои нимфиналӣ ва финалии байниминтақавӣ доир гардида,  санаи 27 октябр бозии финалӣ баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.