Садамаи марговар дар пойтахт: ҳалокати зану писари ноболиғаш

Дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви пойтахт бар асари бархӯрди ду автомашина ба ҳамдигар як зан ва писари 12-солааш ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 2109», сокини 27-солаи пойтахт Файзулло Файзиев ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба […]

Asia-Plus

Дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви пойтахт бар асари бархӯрди ду автомашина ба ҳамдигар як зан ва писари 12-солааш ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 2109», сокини 27-солаи пойтахт Файзулло Файзиев ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Зоҳидҷон Самиеви 50-сола бармехӯрад.

«Баъдан, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2109” ба самти муқобили роҳи пиёдагардон баромада, пиёдагардон Мавҷуда Ёқубоваи 38-сола ва писари ноболиғаш Аминҷон Бобомуродови 12-соларо пахш намудааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш Ёқубова М.Ш. ва писари ноболиғаш Бобомуродов А.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст