Тасдиқи дастрасии беш аз 37 млн. доллар грантҳои нав

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаҳои қаблан баимзорасида доир ба дастрасии грантҳоро тасдиқ кард. Вакилони мардумӣ Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро тасдиқ намуд. Дар доираи ин созишнома Япония барои сохтмони як зеристгоҳ ва таъмиру навсозии боз як зеристгоҳи дигари барқӣ 20 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаҳои қаблан баимзорасида доир ба дастрасии грантҳоро тасдиқ кард.

Вакилони мардумӣ Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро тасдиқ намуд. Дар доираи ин созишнома Япония барои сохтмони як зеристгоҳ ва таъмиру навсозии боз як зеристгоҳи дигари барқӣ 20 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Ҳамчунин Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд тасдиқ шуд. Дар чаҳорчӯби он ҷудо шудани наздики 14 млн. евро (беш аз 17 млн. доллар) барои азхудкунӣ ва обёрии беш аз 34 ҳазор гектар замин дар ин ҳавза пешбинӣ шудааст.

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ низ тасдиқ шуда, дар доираи он ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 60 млн. доллар қарзи имтиёнок ҷудо карда мешавад.

Ғайр аз ин, Мактуб-созишнома байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи «Таъмини қувваи барқ дар зимистон» низ тасдиқ шуд. Қарзи мазкур дар ҳаҷми 5 млн. доллар ба омӯзиши мушкилоти таҳшини лойқабандии обанбори нерӯгоҳи Норак равона мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.