Пирӯзии дубораи «Истиқлол» бар «Олой» ин дафъа дар меҳмонӣ

Date:

Дар доираи марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2018 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бори дуюм бар тими «Олой»-и Ош (Қирғизистон) дастболо шуд.

Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфта, голҳоро аз дастаи «Истиқлол» футболбозон Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов ва Дилшод Восиев ба ҳадаф расониданд.

Ҳамин тариқ, бо касби 10 имтиёз дастаи «Истиқлол» дар гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2018 пешсаф аст. Дар бозии аввали ин дастаҳо санаи 11 апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор «Истиқлол» бар «Олой» бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуда буд.

Дар давраи навбатии рӯзи 1 май «Истиқлол» дар Ашқобод бо дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Туркманистон – «Аҳал» бозӣ карда, дар даври ниҳоӣ санаи 16 май дар майдони худ тими «Олтин Асир» – чемпиони Туркманистонро қабул мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...