Соати тарбиявии кормандони милитсия дар муассисаҳои таълимии пойтахт

Кормандони Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 26 апрел дар ҳамаи ҳамаи 123 муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии пойтахт дарсҳои тарбиявӣ гузарониданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии РВКД Душанбе, соатҳои тарбиявӣ дар доираи дастури раиси пойтахт аз 1 феврали соли равон «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 26 апрел дар ҳамаи ҳамаи 123 муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии пойтахт дарсҳои тарбиявӣ гузарониданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии РВКД Душанбе, соатҳои тарбиявӣ дар доираи дастури раиси пойтахт аз 1 феврали соли равон «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» доир гардиданд.

Зимни дарсҳо кормандони милитсия доир ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва муноқишаву авбошиҳои гурӯҳӣ байни муассисаҳои таълимӣ ҳарф зада, ба хонандагон доир ба ҷиноятсодиркунии баъзе аз хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва пушаймонӣ аз кирдорҳои содиркардаашон филми мустанад намоиш дода шуд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хонандагон шарҳ доданд, ки қонунгузории кишвар бо автомашина ба дарс омадан, доштани телефони мобилӣ бо худ ва ба машғулият ҳозир шудани онҳоро бо сарулибоси ғайритавсиявӣ манъ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.