Иҷлосияи палатаи болоӣ ва ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон дар як рӯз доир мегардад

Дар Душанбе нимаи аввали рӯзи 11 май иҷлосияи понздаҳуми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад, ки дар он қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда баррасӣ мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумон хабар дод, аъзои Маҷлиси миллӣ аз ҷумла тағйирот ба қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвнадони хориҷӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Душанбе нимаи аввали рӯзи 11 май иҷлосияи понздаҳуми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад, ки дар он қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда баррасӣ мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумон хабар дод, аъзои Маҷлиси миллӣ аз ҷумла тағйирот ба қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвнадони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки мутобиқи он муддати 10 рӯзи корӣ шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бидуни қайд дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур дошта бошанд. Айни замон ин муҳлат аз 3 рӯз иборат аст.

Дар иҷлосияи палатаи болоии парлумон ҳамчунин пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи табдили номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар шаҳрҳои Конибодому Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ баррасӣ мешавад.

Нимаи дуюми рӯзи 11 май дар Душанбе иҷлосияи навбатии муштараки ҳарду палатаҳои парлумон баргузор мешавад, ки дар он як қатор амрҳои президенти ҷумҳурӣ тасдиқ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.