Иҷозаи харидории бандари Балтик ба домоди Назарбоев

Москва ба домоди Назарбоев иҷозат дод, бандари Балтикро харидорӣ кунад Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, комиссияи ҳукуматии Русия дар умури сармоягузории хориҷиҳо ба бахши иқтисодӣ иҷозат дод, ки тоҷири қазоқ Тимур Қулибоев, домоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, бандари Висотскро дар соҳили Виборги баҳри Балтик харидорӣ кунад. Гуфта мешавад, дар ин бора роҳбари […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Москва ба домоди Назарбоев иҷозат дод, бандари Балтикро харидорӣ кунад

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, комиссияи ҳукуматии Русия дар умури сармоягузории хориҷиҳо ба бахши иқтисодӣ иҷозат дод, ки тоҷири қазоқ Тимур Қулибоев, домоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, бандари Висотскро дар соҳили Виборги баҳри Балтик харидорӣ кунад.

Гуфта мешавад, дар ин бора роҳбари Хадамоти федеролии зиддимонополии Русия Игор Артемев хабар додааст.

Артемев гуфтааст, Қулибоев назорати бандари Висотскро дар 90-километрии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба даст овард. Арзиши ин доду ситад дақиқ нест.

"Ин мисли идомаи ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди гумрукист ва намояндаи Қазоқистон чунин амволи ҷиддиро дар Балтик харидорӣ мекунад, ки хурсандиовар аст", – иброз доштааст Игор Артемев.

Зимнан зикр мегардад, ки маҷаллаи амрикоии Forbes дороии Тимур Қулибоевро 3,2 миллиард доллар баҳо медиҳад. Маҷмуи дороии Қулибоев бо ҳамсараш Динора Қулибоева, ба навиштаи Forbes, аз марзи 6,4 миллиард доллар убур мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.