Ҷаримаи ташкилотҳои қарзӣ барои рӯйпӯш кардани маълумот доир ба амалиёти шубҳанок

Раҳбарияти як қатор ташкилотҳои қарзии Тоҷикистонро барои пешниҳод накардани маълумот дар бораи амалиёти шубҳанок бо воситаҳои пулӣ, ки бояд зери назорат бошанд, ҷазо доданд. Мақомоти судии Тоҷикистон ҳисоботи аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии Бонки мииллиро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳбарони яке аз бонкҳо ва чор ташкилотҳои қарзии хурдро ҷарима бастанд. Дар ҳисоботи барои соли 2017 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раҳбарияти як қатор ташкилотҳои қарзии Тоҷикистонро барои пешниҳод накардани маълумот дар бораи амалиёти шубҳанок бо воситаҳои пулӣ, ки бояд зери назорат бошанд, ҷазо доданд.

Мақомоти судии Тоҷикистон ҳисоботи аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии Бонки мииллиро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳбарони яке аз бонкҳо ва чор ташкилотҳои қарзии хурдро ҷарима бастанд.

Дар ҳисоботи барои соли 2017 нашршудаи Департамент ҷазо гирифтани маҳз кадом ташкилотҳои қарзӣ зикр нашудааст. Ҳаҷми умумии ҷарима 13 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Боз се бонк ва як ташкилоти қарзии хурд барои пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳу нодуруст ба Бонки миллӣ ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Бонки миллӣ ба роҳбарони чор бонк дастур дод, ки бо ҳайати шахсӣ ҷиҳати риояи қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Мутахассисони Департамент дар якҷоягӣ бо мутахассисони дигар Департаменту идораҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷмӯъ санҷиши ҳамаҷониба ва мавзӯии 8 бонк ва 14 ташкилоти қарзии хурдро гузарониданд.

«Дар натиҷа, иҷозатномаи ду ташкилоти қарзии хурд  бозхонд гардида, нисбати 7 ташкилоти қарзӣ чораҳои таъсиррасонӣ дар намуди “Ҷарима” ба маблағи умумии 1 млн. 525 ҳазор сомонӣ  сомонӣ татбиқ гардид», – омадааст дар ҳисоботи Департамент.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.