Фармондеҳи ҚС доир ба таҷаммӯъи 7 ҳазор ҷангии Толибон дар марзи Тоҷикистон

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадӣ (ҚС)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми май дар маросиме ба муносибати 15-уми солгарди иҷрои барномаи ВОМСА ё Идораи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки ҷунбиши "Толибон" тасмим гирифтааст, ки бештаре аз пойгоҳҳои омӯзишиву низомии худро аз ҷануби Афғонистон ба шимоли кишвар интиқол диҳад, ки моя нигаронии кишварҳои […]

Радиои Озодӣ

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадӣ (ҚС)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми май дар маросиме ба муносибати 15-уми солгарди иҷрои барномаи ВОМСА ё Идораи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки ҷунбиши "Толибон" тасмим гирифтааст, ки бештаре аз пойгоҳҳои омӯзишиву низомии худро аз ҷануби Афғонистон ба шимоли кишвар интиқол диҳад, ки моя нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, вай гуфтааст, тӯли чанд соли ахир ҷунбиши "Толибон" тарҳеро рӯи даст гирифтааст, ки тибқи он, маркази фаъолияти ин созмони террористӣ аз ҷануб ба шимоли Афғонистон интиқол дода мешавад ва то ба ҳол 29 пойгоҳи омӯзишиву низомии ин созмон ба наздикии марз бо Тоҷикистон кӯчонида шудааст.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамзамон гуфт, тибқи иттилои ба даст омада, 6 ҳазору 825 ҷангҷӯи ҳирфаии террорист дар як ё ду километр дуртар аз марзи Тоҷикистон мустақар шудаанд ва асосан намояндагони миллатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, дар вилоятҳои Балх, Кундуз, Тахор ва Бадахшон ҷой дода шудаанд.

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбатҳояш гуфт, ки ҳифозати 1344 километр марзи муштарак бо Афғонистон наметавонад танҳо "дарди сар"-и ҳукумати Тоҷикистон бошад. Вай аз созмонҳову кишварҳои хориҷӣ барои кӯмакҳояшон дар таъмини ҳимояи марз бо Афғонистон изҳори сипос кард ва афзуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба ҳамкорӣ дар ин замина бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёз дорад.

Ба гуфтаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар зарфи 15 соли иҷрои барномаи BOMKA Тоҷикистон барои тақвияти ҳифозати марзҳояш бо Афғонистон ҳудуди 43 миллион евро дарёфт кардааст. Дар ҷараёни иҷрои 9 марҳилаи ин тарҳ бархе аз дидбонгоҳҳо ва идораҳои назорати марзӣ бунёд ё бозсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст.

Ҳамчунин дар доираи ин барнома марзбонони тоҷик миқдоре аз лавозимоти фаннӣ, назири мошинҳоро харидорӣ кардааст. Ба гуфтаи масъулони ин тарҳ, то ду моҳи оянда коршиносони байналмилалӣ натиҷаи иҷрои ин тарҳро баррасӣ карда, сипас Иттиҳодияи Аврупо дар бораи идомаи сармоягузории ин тарҳ то соли 2027, тасмим хоҳад гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.