Ифтитоҳи беш аз 10 толори «МегаФон Тоҷикистон» дар Хатлон

Моҳи апрел ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 10 толори фирмавиро дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ифтитоҳ намуд. Акнун нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд муштариёни оператор метавонанд масъалаҳои мобилиро дар ҷойҳои боз ҳам қулай ҳал кунанд.  “Оғози соли 2018-ро метавон давраи рекордҳои савдои хусусии мо шуморид: мо ҳамагӣ дар якчанд моҳ чӣ қадаре, ки […]

Иттилоияи расмӣ

Моҳи апрел ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 10 толори фирмавиро дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ифтитоҳ намуд. Акнун нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд муштариёни оператор метавонанд масъалаҳои мобилиро дар ҷойҳои боз ҳам қулай ҳал кунанд. 

“Оғози соли 2018-ро метавон давраи рекордҳои савдои хусусии мо шуморид: мо ҳамагӣ дар якчанд моҳ чӣ қадаре, ки пештар дар минтақа толор мавҷуд буд ҳамон миқдор толор ифтитоҳ намудем. Ин иқдом бо хоҳиши боз ҳам ба муштариён наздик шудан ва ба онҳо хизматрасониҳои босифатро дар ҷойҳои зарурӣ пешниҳод намудан, пешбинӣ карда шудааст”, – шарҳ медиҳад Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

Толорҳои фирмавии “МегаФон Тоҷикистон” доираи васеи хизматгузориҳоро пешниҳод менамоянд: дар толорҳо на танҳо пайваст намудани нархномаи муфид, пурракунии ҳисоб ва харидорӣ кардани дастгоҳи мобилиро  метавон анҷом дод, балки онро барои истифодаи интернет ба кор андохтан ва масълаҳои дилхоҳро вобаста ба алоқаи мобилӣ ҳал кардан мумкин аст.

Макони ҷойгиршавии толорҳо низ қулай мебошад: онҳо дар мавзеҳои серодам кушода шудаанд – назди бозорҳо, марказҳои бузурги савдо ё биноҳои муҳими маъмурии шаҳрҳо ва шаҳракҳои Хатлон ифтитоҳ шудаанд.        

Толорҳои фирмавии нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташрифкунандагони худро бо суроғаҳои зайл интизор аст: ш.Бохтар кӯчаи Наринов ва кӯчаи Вахдат, ш.Кулоб кӯчаи Борбад ва кӯчаи Сангак Сафарова, н.Ёвон кӯчаи Р. Раҷабов  ва кӯчаи Бозорӣ, н.Ҷомӣ кӯчаи Сомониён, н.Ҷайхун кӯчаи А.Берунӣ, н.Ҷ.Балхӣ ҷамоати Нури Вахш, н. Дӯстӣ ҷамоати Ҷангалпарвар, н.Шаҳритуз кӯчаи И.Сомонӣ ва н. Восеъ ҷамоати Гулистон, деҳаи Гулистон. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.