Идомаи мусоидати СММ ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар доираи ташаббуси Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар самти таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дастгирии ҳукумати Япония барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар минтақаи сарҳадии зертобеъӣ Отряди сарҳадии «Шаҳритуз» бинои нави замонавӣ ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи дидбонгоҳ фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сафири […]

Asia-Plus

Дар доираи ташаббуси Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар самти таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дастгирии ҳукумати Япония барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар минтақаи сарҳадии зертобеъӣ Отряди сарҳадии «Шаҳритуз» бинои нави замонавӣ ба истифода дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи дидбонгоҳ фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сафири Япония дар Тоҷикистон Хачиме Китаока ва намояндаи Раёсати зикршудаи СММ хонум Ашита Миттал ҳузур доштанд. Дидбонгоҳи нави замонавии «Тагноб» ба талаботи замон ҷавобгуй буда дорои ҳамаи шароитҳо ва утоқҳои муосири замонавӣ барои фаъолияти сарҳадбонон мебошад.

Дидбонгоҳи сарҳадии «Тагноб» пурра аз нав дар ҷои холӣ бунёд гардида бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз ва аз утоқҳои корӣ, хобгоҳи сарбозон, хонаи хизмати сарҳадӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ ва иттилоотӣ, майдони сафороӣ, варзишӣ, Ошхона, ҷои дастшӯӣ, ҳаммом, ҷои либосшӯи барои сарбозон, анборҳои хӯрок, сарулибос ва ҳезуму ангишт иборатаст.

Ҳамчунин алоҳида 3 хонаи афсарон иборат аз 2 ва 3 ҳуҷра сохта шудааст, ки бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, онҳо метавонанд бо оилаашон ва фарзандонашон дар он зиндагӣ кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.