Астрофизикҳо рӯзи оғози моҳи Рамазонро муайян карданд

Олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян карданд, ки имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон санаи 17 май фаро мерасад. Тавре дар сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар дода мешавад, мувофиқи ҳисоби тақвимӣ ва маълумоти Пажўҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ имсол моҳи мубораки Рамазон дар қаламрави кишвар ба рӯзи панҷшанбе – 17-уми май рост меояд. «Дар […]

Олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян карданд, ки имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон санаи 17 май фаро мерасад.

Тавре дар сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар дода мешавад, мувофиқи ҳисоби тақвимӣ ва маълумоти Пажўҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ имсол моҳи мубораки Рамазон дар қаламрави кишвар ба рӯзи панҷшанбе – 17-уми май рост меояд.

«Дар асоси маълумоти Пажўҳишгоҳи мазкур муайян гардид, ки рӯзи 29-уми моҳи шаъбон мутобиқ ба 15-уми майи соли 2018 соати 1648 ҳодисаи астрономии “Моҳи нав” рух медиҳад ва дар ин вақт мушоҳида кардани моҳи нав дар уфуқ ғайриимкон аст», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, аз ин лиҳоз, моҳи шаъбон 30 рӯз ҳисобида шуда, 16-уми май ба анҷом мерасад ва 17-уми май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Аммо муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бар ин назар аст, ки ин сана ҳанӯз чандон саҳеҳ нест.

«Санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон рӯзи 14 май дар маҷлиси умумии аъзои Шӯрои уламо баъди баррасӣ эълон мешавад», – хабар дод ӯ.

Ба гуфтаи муфтӣ, рӯзи 14 май ҳамчунин вақти аввалин намози таровеҳи имсол, маблағи законт ва гурӯҳи шахсоне, ки рӯзи доштанашон ҳатмӣ нест, эълон мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.