Tcell нархи тарофаҳои роумингро ба Узбекистон поин мебарад!

Таассуроти хешро дар бораи шаҳрҳои бостонии Хива, Бухоро ва Самарқанд ба наздикони худ тариқи смартфон ирсол намоед ва аз имкониятҳои нави роуминги Тсеll дар Ӯзбекистон бо нархҳои арзон баҳра баред! Маълуми ҳамагон аст, ки аллакай сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуд ва аҳолии ин ду кишвари ҳамсоя ин хабарро бо хурсандӣ ва мамнуният пазируфтанд. Ҳамдиёрон имкон […]

Таассуроти хешро дар бораи шаҳрҳои бостонии Хива, Бухоро ва Самарқанд ба наздикони худ тариқи смартфон ирсол намоед ва аз имкониятҳои нави роуминги Тсеll дар Ӯзбекистон бо нархҳои арзон баҳра баред!

Маълуми ҳамагон аст, ки аллакай сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуд ва аҳолии ин ду кишвари ҳамсоя ин хабарро бо хурсандӣ ва мамнуният пазируфтанд. Ҳамдиёрон имкон пайдо намуданд то хешу ақрабо ва наздикони худро бубинанд, ба сафари корӣ бароянд ва ё ватани аҷдодии худро зиёрат намоянд.

Тсеll хамчун ширкати инноватсионӣ ва пешқадам, ҳамеша барои хушҳолии  муштариёни худ кӯшиш менамояд.  Ба тарофаҳои нави роуминг ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед! Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад : ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед.

Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!  Таассуроти худро дар бораи сафаратон ба наздикони худ бе мамониат бифиристед!

Барои пайваст шудан ба роуминги мазкур шумораи *601*1# -ро  пахш намоед. Хизматрасонӣ дар ин бахш ройгон аст. Дар суратҳисобатон бояд 5 сомонӣ дошта бошед!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад!

__________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.