Кумитаи дин арзиши ҳаҷи имсоларо муайян кард

Нархи сафари ҳаҷи имсола ба маконҳои муқаддаси ислом барои тоҷикистониён муайян шуд. Имсол он 89 доллар қиматтар аз соли гузашта буда, 3 ҳазору 712 доллар (33 ҳазору 410 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. «Арзиши сафари ҳаҷ аз ҳисоби болоравии нархи кори ширкати хизматрасон боло рафт», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумита Афшин Муқим. Бино ба маълумоти […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Нархи сафари ҳаҷи имсола ба маконҳои муқаддаси ислом барои тоҷикистониён муайян шуд.

Имсол он 89 доллар қиматтар аз соли гузашта буда, 3 ҳазору 712 доллар (33 ҳазору 410 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

«Арзиши сафари ҳаҷ аз ҳисоби болоравии нархи кори ширкати хизматрасон боло рафт», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумита Афшин Муқим.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумита, ба арзиши сафар нархи билети ҳавопаймо ба ҳарду самт, суғуртаи тиббӣ, харҷи ғизо ва иқомат лар меҳмонхонаҳои Макка ва Мадина, таъмин бо роҳбаладон, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмин бо ҷузвдон ва ғайра дохил мешавад.

«Имсол ба зойирин ба ҷойи сарулибоси ягона 4 метр матоъ медиҳанд, ки нархи он низ ба маблағи умумӣ дохил мешавад», – шарҳ дод сухангӯи Кумита.

Маблағи зикршударо зоийирин дар дафтари кори марказии ҶСК “Ориёнбонк” ё филиалҳои он дар маҳалҳо пардохт карда метавонанд.

Гурӯҳи аввали ҳоҷиён тариқи хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Флай Нас” охири моҳи май аз Душанбе ва Хуҷанд ба сафар мебароянд.

Бино ба маълумоти Кумита, соли равон беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуда метавонанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.