Ба тоҷикистониён пулфиристӣ ба хориҷиёнро манъ карданд

Date:

Навгониҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар мавриди интиқоли пул боиси ба мушкилӣ дучор гардидани чанде аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ гардид.

Шаҳрванди Тоҷикистон Татяна Иванова ба хешовандони худ ба Украина бо доллари амрикоӣ каме пул фиристоданӣ буд, лекин давоми тамоми моҳи охир қариб дар ҳамаи бонкҳо интиқоли пулро ба ӯ рад карданд.

«Дар бонкҳо гуфтанд, ки аз Бонки миллӣ дастур гирифтаанд, ки интиқоли пул ба шахсони воқеие, ки шаҳрвандии дигар кишварро доранд, қабул нашавад, яъне шаҳрванди Тоҷикистон ба шахсоне, ки шаҳрванди Тоҷикистон нестанд, барои пул фиристодан ҳуқуқ надорад», – мегӯяд Татяна аз қавли як корманди бонки тиҷоратӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ниҳояти кор фирситодани пул ба хешовандонаш муяссар гардида, лекин барои ин лозим омадааст, ки шахсеро бо шиносномаи Русия пайдо намояд ва ӯ интиқоли пулро бо номи худ анҷом додааст.

Бонки миллӣ аввали моҳи март ба дастур «Дар бораи татбиқи амалиёти интиқолии шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ» тағйирот ворид намуд.

Мувофиқи ин тағйирот, шахсони воқеӣ – шаҳрвандони ҶТ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба маблағи то 1750 нишондиҳандаи ҳисоб (87,5 ҳазор сомонӣ) ба шаҳрванди Тоҷикистон пул гузаронида метавонанд. Қаблан ин маблағ то 28 ҳазор сомониро ташкил медод.

Лекин ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои анҷом додани чунин амалиёт нисбати шаҳрвандони дигар кишварҳо иҷозат дода намешавад, ба ҷуз ҳолатҳое, ки агар ин воситаҳо ба созмондиҳандагони чорабиниҳои гуногун таъин шуда бошанд, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок мекунанд ё барои пардохти маблағи обуна ба нашриёти давраии хориҷӣ, маблағи таҳсил ва муолиҷа, кумакпулӣ (алимент) ба фарзандон, нафақа, кумакпулиҳои давлатӣ ва ғайра.

Мо бо дархости хаттӣ ба Бонки миллӣ муроҷиат кардем, то ки зарурати ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо ба интиқоли пулро бифаҳмем, вале то ҳол посух нагирифтаем.

Коршиноси бахши молиявии кишвар Нуриддин Ҳакимов ин маҳдудиятҳоро ба як шакли махсуси муқовимати ҳукуматдорони Тоҷикистон ба маблағгузории тероризм ва ифротгароӣ марбут медонад.

«Бар ин назарам, ки ин тадбирҳо самараи зарурӣ ба бор намеоранд. Сарпарастони террористон, агар онҳо дар кишвари мо бошанд, барои амалӣ сохтани ниятҳои худ аз технологияҳои нави электронӣ истифода карда, худашон номаълум боқӣ мемонанд. Маъмулан мардуми оддиву тамоман безарар ба таври кушод пулро интиқол дода, аз навгониҳои Бонки миллӣ маҳз ҳамин гурӯҳ бештар осеб мебинад», – афзуд коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...