Шумори маҳдуди тақсими лентаҳои георгиевӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аксияи бузургмиқёси «Лентаи георгиевӣ» (Георгиевская ленточка) баргузор намешавад. Имсол дар Тоҷикистон тақсими лентаҳои георгиевӣ маҳдуд аст. Онҳоро асосан бо дархости дастаҷамъона муассисаҳои таълимӣ мегиранд, хабар доданд аз Россотрудничество дар Душанбе. Касоне, ки шахсан хоҳишманди ба даст овардани ин лента мебошанд, метавонанд мустақиман ба Россотрудничество муроҷиат […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аксияи бузургмиқёси «Лентаи георгиевӣ» (Георгиевская ленточка) баргузор намешавад.

Имсол дар Тоҷикистон тақсими лентаҳои георгиевӣ маҳдуд аст. Онҳоро асосан бо дархости дастаҷамъона муассисаҳои таълимӣ мегиранд, хабар доданд аз Россотрудничество дар Душанбе.

Касоне, ки шахсан хоҳишманди ба даст овардани ин лента мебошанд, метавонанд мустақиман ба Россотрудничество муроҷиат кунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон тавассути ҷамъияти русҳо, ташкилотҳои собиқадорон ва муассисаҳои таълимӣ лентаҳои георгиевӣ тақсим мешаванд.

Масалан, фаъолони ҷамъияти русҳо дар шаҳри Турсунзода хабар доданд, ки ба миқдори начандон зиёд лентаҳо гирифта, айни замон ба тақсими он машғуланд. Шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистони ин шаҳр ҳоло лента нагирифта, лекин изҳор намуданд, ки дар ҷашни Рӯзи Ғалаба фаъолона иштирок мекунанд.

Бо раҳпаймоии «Полки ҷовидон» чӣ мешавад?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хоҳиши иштирок крадан дар аксияи «Полки ҷовидон»-ро изҳор мекунанд.

Айни замон мавқеи ҳукуматдорон ба баргузор намудани аксияи «Полки ҷовидон» номаълум аст. Собиқадорони ҷангу меҳнат ба ҳукуматдорон бо дархости иҷозаи баргузории ин раҳпаймоӣ муроҷиат карда, вале то ҳол посух нагирифтаанд.

Соли гузашта бо вуҷуди иҷозаи расмӣ надоштан ба баргузории раҳпаймоӣ, ба ҳар ҳол он доир гардид.

Манъи раҳпаймоии «Полки ҷовидион»-ро дар соли гузашта ҳукуматдорони Тоҷикистон чунин шарҳ дода буданд, ки дар нақшаи чорабиниҳои ҷашни Рӯзи Ғалаба он ҷой надошт. Ҳамчунин зикр гардида буд, ки «даргириҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ба баргузор намудани аксияҳои иловагӣ имкон намедиҳад ва илова бар ин, расму оинҳои исломӣ барои ба кӯча баромадан бо суратҳои шахсони фавтида иҷозат намедиҳад».

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 345 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.