КҲФ: аз заминларза дар Ишкошим хисорот ва талафоти ҷонӣ нест

Кумитаи ҳолатҳои фавқуода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и Тоҷикистон изҳор медорад, ки бар асари заминларзаи рӯзи 9 май дар қаламрави ҷумҳурӣ хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. “Танҳо дар иншооти ёрирасон ва чанде аз биноҳои хоҷагидории ноҳияи Ишкошим, ки ҳамагӣ 30 километр дуртар аз маркази заминҷунбӣ қарор дошту ин ҷо қувваи он […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқуода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и Тоҷикистон изҳор медорад, ки бар асари заминларзаи рӯзи 9 май дар қаламрави ҷумҳурӣ хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.

“Танҳо дар иншооти ёрирасон ва чанде аз биноҳои хоҷагидории ноҳияи Ишкошим, ки ҳамагӣ 30 километр дуртар аз маркази заминҷунбӣ қарор дошту ин ҷо қувваи он 5,7 баллро ташкил дод, таркишҳои на он қадар калон ба вуҷуд омаданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумита Умеда Юсупова.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумита, рӯзи 9 май соати 15:41 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Гуфта мешавад, маркази заминларза 275 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон воқеъ буда, қувваи заминларза дар марказ 6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.