Ғолибони Бозиҳои осиё дар Ашқобод мошинҳои туҳфашударо баргардониданд

Туҳфаҳои президентии бархе аз ғолибони Бозиҳои панҷуми осиёиро, ки моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор шуд, пас гирифтанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳукумати Туркманистон соли гузашта миллиардҳо долларро сарфи Бозиҳои осиёӣ карда буд. Расонаҳои маҳаллӣ соли гузашта навишта буданд, ки ба бархе аз варзишкорони туркман аз номи президент […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Туҳфаҳои президентии бархе аз ғолибони Бозиҳои панҷуми осиёиро, ки моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор шуд, пас гирифтанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳукумати Туркманистон соли гузашта миллиардҳо долларро сарфи Бозиҳои осиёӣ карда буд.

Расонаҳои маҳаллӣ соли гузашта навишта буданд, ки ба бархе аз варзишкорони туркман аз номи президент туҳфаҳои гаронбаҳо, аз ҷумла мошинҳои навъи «Toyota Camry GL Executive» тақдим карда шуда, вале ин мошинҳоро дубора аз варзишгарон гирифтаанд.

"Баъди тақдими мошинҳо аз варзишкорон хоҳиш карда буданд, ки мошинҳоро як муддат истифода набаранд. Бо гузашти чанде баъд аз Бозиҳои осиёӣ намояндагони мақомот мошинҳоро аз варзишкорон пас гирифтанд", – хабар додааст рӯзноманигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз Туркманистон.

Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 17 то 27 сентябр дар Ашқобод доир гардиданд, варзишгарони Туркманистон 245 медал ба даст оварданд, ки 89-тоаш тилло, 70-тоаш нуқра ва 86-тоаш биринҷӣ мебошад.

Аз номи президенти Туркманистон ғолибони Бозиҳо аз Турманистон – бо автомашинаҳои Toyota Camry GL Executive; дорандагони медалҳои нуқра – бо 5 ҳазор доллар мукофотпулӣ; медалҳои биринҷӣ – бо 3 ҳазор доллар мукофопулӣ ва мураббиёни ғолибону ҷоизадорон – бо автомобилҳои Toyota Camry GL Executive қадршиносӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.