Боздошти беш аз 100 мошини бораш аз меъёр зиёд дар марз бо Чин

Дар марзи Тоҷикистону Чин беш аз 100 автомашинаи борашон аз меъёр зиёд боздошт шуданд, ки тайи шабонарӯзи охир маҷбур шуданд дар терминали Тохтамишии ноҳияи Мурғоб таваққуф кунанд. “Дар робита ба риоя нашудани меъёрҳои муқарраршудаи боркашонӣ, ба ин мошинҳо ҳаракат дар роҳҳои автомобигарди дохилӣ иҷоза нашуд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Бино […]

Дар марзи Тоҷикистону Чин беш аз 100 автомашинаи борашон аз меъёр зиёд боздошт шуданд, ки тайи шабонарӯзи охир маҷбур шуданд дар терминали Тохтамишии ноҳияи Мурғоб таваққуф кунанд.

“Дар робита ба риоя нашудани меъёрҳои муқарраршудаи боркашонӣ, ба ин мошинҳо ҳаракат дар роҳҳои автомобигарди дохилӣ иҷоза нашуд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, вазни иҷозашудаи бор 40 тоннаро ташкил медиҳад, вале вазни бори ин автомашинаҳо қариб ду баробар зиёдтар аст.

“Бори аз меъёр зиёд ба вайроншавии роҳҳои автомобилгарди дохилӣ боис мегардад, – гуфт манбаъ. – Мо чандин маротиба ронандагони воситаҳои нақлиёт ва ширкатҳои боркашонро, ки ба ҳамлу нақли бор аз Чин машғуланд, дар ин хусус огоҳ кардем”.

Дар Вазорат қайд карданд, ки воситаҳои нақлиёти боздоштшуда рӯзи 9 май раҳо ва ҳаракат тариқи қаламрави Тоҷикистон ба онҳо иҷоза шуд.

“Тасмим гирифтем, ки гузашт шуда, ба ҳаракати автомашинаҳо ба дохили ҷумҳурӣ иҷоза шавад, вале бо шарти дафъаи оянда такрор нашудани ин амал”, – афзуд манбаъ.

Дар Вазорат бобати маҳз ба кӣ тааллуқ доштани воситаҳои нақлиёте, ки тартиби боркашонӣ дар роҳҳои дохилиро риоя накардаанд, маълумот надоданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.