Бонусҳо ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба зангҳо аз Русия

Аз 5 май муштариёне, ки ба тарофаи “Истиқболи самимӣ” – “Тёплый приём – Две страны” пайваст шуда ба Россия мераванд, имкон доранд, ки ба дӯстону наздикони худ трафики овозӣ ва интернетии худро ҳадя кунанд. Мувофиқи шартҳои иқдоми “Ҳамеша ҳамроҳ” (“Dual SIM”) барои ҳар як дақиқаи суҳбат ҳамсуҳбатони онҳо бонуси панҷкарата – 5 дақиқаи муоширатро дар […]

Иттилоияи расмӣ

Аз 5 май муштариёне, ки ба тарофаи “Истиқболи самимӣ” – “Тёплый приём – Две страны” пайваст шуда ба Россия мераванд, имкон доранд, ки ба дӯстону наздикони худ трафики овозӣ ва интернетии худро ҳадя кунанд.

Мувофиқи шартҳои иқдоми “Ҳамеша ҳамроҳ” (“Dual SIM”) барои ҳар як дақиқаи суҳбат ҳамсуҳбатони онҳо бонуси панҷкарата – 5 дақиқаи муоширатро дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ё 5 Мб интернети мобилиро ба даст меоранд.

Бонусҳоеро, ки барои анҷоми зангҳои воридотӣ аз Россия пешниҳод мешаванд, муштариён худ интихоб мекунанд. Барои ин зарур меояд, ки ба SMS-и оператор посухи марбута ирсол карда шавад. Бастаҳои бонусии “Дақиқаҳо дар дохили шабака” ё “Мб-и трафики интернет” дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи фаъолгардонӣ эътибор доранд.

Иштирокчии иқдом метавонад новобаста аз давомнокии суҳбатҳояшон бо муштариёни аз ФР даъватро анҷомдиҳанда дилхоҳ миқдори холҳоро дар давоми як рӯз ба даст оварад. Иқдоми “Ҳамеша ҳамроҳ” (“Dual SIM”) то 31 августи соли 2018 давом меёбад.

“Ба шарофати иқдоми нави мо муштариёни дар Россия зиндагӣ ва фаъолиятдошта имкон пайдо мекунанд, ки ба наздикони худ панҷ маротиба зиёдтар муоширатро ҳадя кунанд. Масалан, ҳангоми даҳ дақиқа давом ёфтани суҳбат нафари зангро қабулкунанда ё 50 дақиқа, ё 50 Мб Интернетро ба даст меорад. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳам барои истифодабарандагон  ва ҳам барои ҳамсуҳбатони онҳо тарофаҳоро муфидтар гардонем.”, – қайд мекунад Директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио