Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Ҳайати СММ таҳти роҳбарии ёвари Дабири куллли СММ оид ба ҳуқуқи башар Эндрю Гилмор ба Душанбе ташриф меорад;

– Дар Душанбе (маҷмааи «Манеж», ВДНХ) маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи миллии Беларус дар Тоҷикистон доир мегардад;

– Дар меҳмонхонаи «Серена» дар мавзӯи рушди сайёҳӣ мизи гирд доир мегардад, ки дар он макони мавҷуда ва ояндаи тамошобоб ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд;

– Дар толори конфронси «Брюссел»-и меҳмонхонаи «Хайят Риҷенси» пеш аз бозии даври хотимавии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикиситон) ва «Олтин Асир» (Туркманистон нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 11:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.9544 сомонӣ;

1 евро – 10.7345 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1452 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии оила

1945 – Радиои Маскав маълумоти ахири фаврии Совинформбюроро пешниҳод кард.

1958 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ сеюмин радифи маснӯии Замин ба кайҳон бароварда шуд.

1930 – Таъсиси киностудияи «Тоҷикфилм».

1956 – Таъсиси Ҷамъияти шикорчиёни Тоҷикистон.

1992 – Барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Италия.

2003 – Дар Тоҷикистон Консерваторияи миллӣ таъсис дода шуд.

2009 — Агрегати охирини чоруми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мавриди истифода қарор гирифт.

1908 — Мавлуди олими забоншинос, профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Ҳилол Каримов.

1909-1993 – Зодрӯзи актёри театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳоҷиқул Раҳматуллоев.

1910-1980 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Боқӣ Раҳимзода.

1928-2010 – Зодрӯзи адабиётшинос Камол Айнӣ, писари асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ.

1932-2004 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Убайд Раҷаб.

1935 – Зодрӯзи доктори илмҳои омӯзгорӣ, профессор, президенти Академияи илмҳои омӯзгории ҶТ Маҳмадқул Лутфуллоев (муаллифи алифбои тоҷик аз соли 1995).

1938 – Мавлуди нависанда Ҳикмат Раҳмат.

1959 – Зодрӯзи олим Шамсиддин Зардиев.

1965 – Мавлуди арбоби фарҳанги Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев.

1981 — Зодрӯзи муовини сардабири рӯзномаи «Садом мардум» Далер Мерганов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +18+23.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарб борони кӯтоҳмуддат, дар шарқ (боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +23+28; дар шарқ шабона -2+3, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +14+19.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +26+28.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +17+19.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...