Аввалин нишонаҳои харобӣ аз боронҳои шадиду селосо

Боронҳои шадиду селосо билохира аз худ аввалин нишони харобӣ мегузоранд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ, дар баъзе манотиқи кишвар қитъаҳои наздиҳавлигӣ хароб мешаванд, ба заминҳои кишт зарар мерасад, роҳҳои мошингардро сангреза пур мекунад ва ҳаракати мошинҳо қатъ мешавад. Гуфта мешавад, бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар як […]

Asia-Plus

Боронҳои шадиду селосо билохира аз худ аввалин нишони харобӣ мегузоранд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ, дар баъзе манотиқи кишвар қитъаҳои наздиҳавлигӣ хароб мешаванд, ба заминҳои кишт зарар мерасад, роҳҳои мошингардро сангреза пур мекунад ва ҳаракати мошинҳо қатъ мешавад.

Гуфта мешавад, бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар як қатор ноҳияҳои кишвар омадани сел ба қайд гирифта шудааст. 

Чунончи, дар қаламрави ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд сел ба 2 гектар замини кишт, 800 метр роҳ дар деҳаи Рӯзиобнок ва ба 10 хоҷагии наздиҳавлигии сокинони русто зарар овардааст.

Резиши санг  250 метр роҳҳо дар километри 51-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент баст. Айни замон ин қитъа аз сангрезаҳо тоза карда шуда ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст.

Дар қасаби 19 шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сел қисман 15 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро хароб кард.

Дар вилояти Хатлон дар деҳаҳои Чорбоғ, Пахтадашт, Иттифоқ ва ҷамоати деҳаи Машъали ноҳияи Вахш сел ба 6 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.

Феълан дар маҳалҳо комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияҳо фаъолият мекунад. Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус  сафарбар карда шудааст. Хушбахтона, офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.