Сабзчашму малламӯй: аз кадом лиҳоз симои тоҷикон беназир аст?

Тоҷиконро маъмулан сиёҳабрӯву чашмкалон ва сабзина мегӯянд. Аммо таҳқиқоти аксбардору мусаввир Аниса Собирӣ гувоҳи он аст, ки дар минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон метавон шахсонеро вохӯрд, ки ба қолабҳои маъмулӣ мутобиқ нестанд. Гузориши навбатии лоиҳаи «Салом, соседи!» (Салом ҳамсояҳо!) перомуни беназирии симои тоҷикон ва дар куҷо вохӯрдан бо тоҷикони ғайримаъмулӣ бо тарзи ҳаёти аслӣ маълумот медиҳад. Қобили […]

Тоҷиконро маъмулан сиёҳабрӯву чашмкалон ва сабзина мегӯянд.

Аммо таҳқиқоти аксбардору мусаввир Аниса Собирӣ гувоҳи он аст, ки дар минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон метавон шахсонеро вохӯрд, ки ба қолабҳои маъмулӣ мутобиқ нестанд.

Гузориши навбатии лоиҳаи «Салом, соседи!» (Салом ҳамсояҳо!) перомуни беназирии симои тоҷикон ва дар куҷо вохӯрдан бо тоҷикони ғайримаъмулӣ бо тарзи ҳаёти аслӣ маълумот медиҳад.

Қобили зикр аст, ки барои таҳқиқоту омӯзиш Собирӣ панҷ соли ҳаёти худро сарф карда, беш аз 250 симои беназири тоҷиконро аз тамоми гӯшаву канори кишвар сабт кардааст. Аксу наворҳои ӯро асосан меҳмонони хориҷӣ харидорӣ мекунанд, ки хостори бо худ ба ёдгорӣ бурдани натанҳо қисмате аз Тоҷикистон, балки «симоҳо»-и нотакрори онро низ доранд.

Агар дар доираи лоиҳаи «Салом, соседи!» гузориш ё наворе доред, пас номаҳои шуморо бо суроғаҳои: [email protected] ва [email protected] интизорем.

Бо истифода аз фурсат, ҳамтоёни тоҷику ӯзбекро ба ҳамкорӣ даъват мекунем – сюжетҳоятонро ирсол намоед, қаҳрамонҳои нав ва мавзӯъ барои гузоришҳои тозаро, ки барои ҳамсояҳои мо шавқовар буда метавонанд, пешниҳод кунед!

Лоиҳаи «Салом, соседи!» баҳри боз ҳам бо ҳамдигар қарину наздиктар шудани мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст!

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.