Нафақахӯрони ҷавон роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро пардохт мекунанд

Равуо дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, аз ҷумла маршруткаҳо барои шахсони синни аз 75-сола боло аз охири соли гузашта бепул шуд. Қаблан барои нафақахӯрон ҷиҳати истифода аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт (автобус ва тролеейбусҳо) имтиёз амал мекард, акнун баъди ҷорӣ шудани кортҳои электронии нақлиётӣ онҳо аз ин имтиёз маҳрум шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи нақлиёти […]

Равуо дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, аз ҷумла маршруткаҳо барои шахсони синни аз 75-сола боло аз охири соли гузашта бепул шуд.

Қаблан барои нафақахӯрон ҷиҳати истифода аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт (автобус ва тролеейбусҳо) имтиёз амал мекард, акнун баъди ҷорӣ шудани кортҳои электронии нақлиётӣ онҳо аз ин имтиёз маҳрум шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи нақлиёти мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, имтиёзҳо танҳо барои нафақахӯрони синни аз 75-сола боло амал дошта, наздики 100 ҳазор нафақахӯрони пойтахт собиқ хизматчиёни ҳарбӣ ё кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд ва барои бо кортҳои имтиёзноки нақлиётӣ таъмин кардани онҳо ҳудуди 20 млн. сомонӣ маблағ лозим буда, буҷети шаҳр алҳол чунин имкон надорад.

Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт изҳор намуданд, ки ба нафақахӯрон, маъюбон ва дигар шахсоне, ки барои онҳо ҷиҳати истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ имтиёз пешбинӣ шудааст, дар шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар чор ноҳияи шаҳр кортҳои махсус дода мешавад, ки тариқи он онҳо аз имтиёзашон дар нақлиёти ҷамъиятӣ (ба ҷуз такси) истифода карда метавонанд ва ин танҳо ба сокинони пойтахт дахл дорад.

Бино ба маълумоти расмии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе, ба санаи 1 апрели соли 2018 дар пойтахт 53 ҳазору 962 нафар нафақахӯрон кору зиндагӣ мекунанд, ки 14 ҳазору 882 нафари онҳо – маъюбон, 2558 нафар – маъюб аз кӯдакӣ буда, шумори нафақахӯрони синни аз 75-сола боло (то соли 1943 таваллудшуда) 8 ҳазору 502 нафарро ташкил медиҳад.

Айни замон ба ҷуз нафақахӯрони синни аз 75-сола боло, аз имтиёзи равуои бепул дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт боз 13 гурӯҳи шаҳрвандон истифода карда метавонанд:

– иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки дар қисмҳои ҳарбии шомили артиши амалкунанда адои хизмат кардаанд;

– иштирокчиёни амалиёти ҷангии баробаршуда бо давраи ҶБВ;

– шахсоне, ки дар корхонаву ташкилот ва муассисаҳои Ленинград дар давраи муҳосира аз 08.09.1941 сол то 27.01.1944 сол кор кардаанд;

– маъюбони амалиёти ҷангӣ, маъюбон, ки дар натиҷаи иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои хизматӣ маъюбӣ гирифтаанд;

– собиқадорони амалиёти ҷангӣ барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар ҶТ;

– маҳбусони лагерҳои консентратсионӣ ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ, ки аз ҷониби фашистон ташкил карда шудаанд;

– заҳматкашони ақибгоҳ;

– маъюбони ҶБВ;

– маъбон аз кӯдакӣ то 18-сола;

– маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-юм;

– шаҳрвандоне, ки давоми солҳои 1986-1987 дар бартараф кардани оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил иштирок кардаанд;

– собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.