Даъати СММ аз Тоҷикистон: Рӯзноманигорону ҳуқуқшиносонро ба ҳоли худ гузоред

Эндрю Гилмор, ёвари дабири кулли Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи башар, гуфт, ҳукуматҳо дар зиндагии шаҳрвандони худ нақши муҳим мебозанд, "аммо хирад набояд танҳо монополияи ҳукумат бошад". Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, зимни суханронӣ дар поёни сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон Гилмор аз мақомоти кишвар хост, барои боз шудани фазои ҷомеаи маданӣ шароит фароҳам оваранд. […]

Радиои Озодӣ

Эндрю Гилмор, ёвари дабири кулли Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи башар, гуфт, ҳукуматҳо дар зиндагии шаҳрвандони худ нақши муҳим мебозанд, "аммо хирад набояд танҳо монополияи ҳукумат бошад".

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, зимни суханронӣ дар поёни сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон Гилмор аз мақомоти кишвар хост, барои боз шудани фазои ҷомеаи маданӣ шароит фароҳам оваранд.

Гилмор рӯзҳои 14-15-уми май дар Душанбе бо намояндагони мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла, муовини вазири умури хориҷӣ, муовини вазири адлия ва муовини додситони кулл гуфтугӯ ва вазъи ҳуқуқи башарро баррасӣ кард. Мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бе даъвати матбуот сурат гирифт.

Дар изҳороти рӯзи 16-уми май пас бозгашт ба Ню-Йорк Эндрю Гилмор таъкид кард, ҳомиёни ҳуқуқ, журналистон, вакилони дифоъ ва дигар нафарон бояд имкон дошта бошанд, ки "вазифаҳои касбии худро бидуни тарс додан, санҷишҳои нолозим ва тарси таъқиби додгоҳӣ" анҷом бидиҳанд. Гилмор, инчунин, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки кори ҳуқуқшиносони мустақил ба хотири тавсеаи дастрасӣ ба адолат тақвият дода шавад.

Ӯ гуфт, "тавре дар бисёр кишварҳои дигар дида мешавад, бидуни ҷомеаи фаъоли маданӣ ва вуҷуди озодиҳои бунёдӣ амнияту рушд пойдор буда наметавонад". Дар шароите ки ҳамоно гузоришҳо аз вуҷуди шиканҷа ба даст мерасад, Гилмор аз пешравӣ дар қонунгузории Тоҷикистон дар ин замина истиқбол кард. Ӯ гуфт, Дафтари ҳуқуқи инсони СММ дар Осиёи Марказӣ метавонад барои эҷоди механизми ҷилавгирикунанда аз ин таҷрибаи, ба қавли ӯ, "ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва беасар" мусоидат кунад.

Дар миёни масоили мушаххаси мавриди таваҷҷӯҳи Эндрю Гилмор, табъизи занону ҷавонон, маъюбон, инчунин, аъзои ҷомеаи ақаллиятҳои ҷинсӣ номбар шудаанд. Ёвари ноиби дабири куллли СММ ба таври вижа аз сабтиноми маҷбурии аъзои ҷомеаи ақаллиятҳои ҷинсӣ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, "ин ҳолат метавонад боиси озори бештари ин гурӯҳ шавад."

Дар ҷараёни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар Душанбе субҳи 15-уми май Гилмор ин андешаро комилан рад кард, ки эҳтиром ба ҳуқуқи инсон наметавонад ҳамзамон бо таъмини амният риоя шавад. Баръакс, ӯ бо ёдоварӣ аз мисолҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон гуфт, "фишору ҳамла ба намояндагони ҷомеаҳо боис ба эҷоди хашм, ифротгароӣ, хушунат ва бесуботӣ мешавад".

Ӯ, инчунин, ин андешаро рад кард, ки гӯё ормони ҳимоят аз ҳуқуқи инсон танҳо як арзиши “ғарбӣ” аст. Ин нуктаро ӯ дар ҷараёни ҷаласае бо донишҷӯёни тоҷик баён кард, ки зимнан, ба 70-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар бахшида шудааст. Гилмор хитоб ба ҷавонон гуфт, ҳамаи 30 моддаи ин эъломия ҷавобгӯи хосту ормонҳои онҳо мебошад.

“Имсол 70-солагии қабули ин санад таҷлил мешавад ва ман аз Шумо даъват мекунам, ки барои ҳимояти ҳуқуқи худ ва ҳуқуқи дигарон баланд шавед”.

Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз Ню-Йорк сухангӯи дафтари СММ дар умури ҳуқуқи башар Фред Кирунгӣ гуфт, ҳадафи аслии Гилмор аз сафар ба Тоҷикистон ошноӣ бо вазъи ҳуқуқи башар ва матраҳ кардани масоили мавриди нигаронӣ дар ин бахш аст. Фред Кирунгӣ гуфт, "дар баробари баррасии масоили марбут ба озодии баён, ҳаққи озоди ташкили таҷаммӯъ, фаъолияти бе маҳдудияти расонаҳои интернетӣ, Гилмор ҳамчунин аз мақомоти тоҷик даъват хоҳад кард, ки дар амри мубориза бо терроризм мурооти ҳуқуқи башарро фаромӯш накунанд".

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?