Беларус ба бозори Тоҷикистон ворид мешавад

Дар намоишгоҳи Беларус дар Душанбе молу маҳсулоти наздики 150 ширкати ин кишвар ба маърази тамошо гузошта шудааст. Сифати хуби техникаи кишоварзии истеҳсоли Беларус Дар майдони назди бинои намоишгоҳ дар толори хурде ҳунармандони беларусӣ барномаи начандон доманадори фарҳангӣ намоиш доданд. Дар идома техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, автомобилҳо ва техникаи сохтмон гузошта шудааст. Ҳамчунин намунаҳои маҳсулоти корхонаи […]

Дар намоишгоҳи Беларус дар Душанбе молу маҳсулоти наздики 150 ширкати ин кишвар ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Сифати хуби техникаи кишоварзии истеҳсоли Беларус

Дар майдони назди бинои намоишгоҳ дар толори хурде ҳунармандони беларусӣ барномаи начандон доманадори фарҳангӣ намоиш доданд. Дар идома техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, автомобилҳо ва техникаи сохтмон гузошта шудааст. Ҳамчунин намунаҳои маҳсулоти корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – трактор, ядакҳо (прицеп) ва агрегатҳои кишоварзӣ низ мавҷуданд.

Мактабҳои олии Беларус донишҷӯёни тоҷикро интизоранд

Гӯшаҳои асосии намоишгоҳ дар дохили бино (Манеж) ҷойгир шудааст. Дар намоишгоҳ имконоти таҳсил ва машғул шудан ба корҳои илмӣ дар ин кишвар муаррифӣ мешавад. Дар гӯшаи Вазорати маорифи Беларус имконоти мактабҳои олии ин кишвар дар омода намудани кадрҳои баландихтисос пешниҳод мешавад.

Имконоти сайёҳии Беларус

Вера Давиденко, директори корхонаи самти сайёҳии корхонаи «Беларустурист» ва Олег  Романенко, муовини директори генералии Белпрофсоюзкурорт изҳор намуданд, ки дар Беларус барои пешниҳоди хизматгузории сатҳи баланд ба сайёҳон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Маҳсулоти саноатии Беларус

Соҳаҳои асосии саноати Беларус – мошинсозӣ ва коркарди металл, саноати кимиё ва нафту кимиё, электроэнергетика, саноати сабук, ҳӯрокворӣ ва кокрарди чӯб мебошад. Дар намоишгоҳ бо намунаҳои маҳсулоти хушсифати саноатии ин кишвар шинос шудан мумкин аст.

Маҳсулоти саноати хӯрокворӣ

Консерни давлатии саноати хӯроквории Беларус – «Белгоспищепром» истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин кишвар буда, ба он беш аз 40 ширкати истеҳсоли қанд, маснӯоти тамоку, машрубот ва қаннодӣ, ҳамчунин ғизо барои кӯдакон дохил мешаванд.

Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус дар «Манеж» (собиқ бинои ВДНХ, қафои Варзишгоҳи марказӣ)-и Душанбе ҷараён дошта, то 23 май идома меёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.