Боздиди Раҳмон ва Лукашенко аз мавзеъҳои зебову нотакрори Варзоб

Дар доираи сафари расмии Президенти Беларус ба Тоҷикистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко аз мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосо дар ноҳияи Варзоб боздид карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди сарони давлатҳо аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб оғоз ёфта, дар мавзеи Такоби ҳамин ноҳия идома ёфт. Сайру […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмии Президенти Беларус ба Тоҷикистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко аз мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосо дар ноҳияи Варзоб боздид карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди сарони давлатҳо аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб оғоз ёфта, дар мавзеи Такоби ҳамин ноҳия идома ёфт.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифта, ба меҳмони олиқадр намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун намоиш дода шуд, ки писанди онҳо гардид.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Нимаи дуюми рӯзи 16 май сафари расмии Президенти Беларус дар Тоҷикистон анҷом ёфта, Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Минск баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва бо расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел намуд.

Гуфта мешавад, аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни кишварҳо 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф, тандурустӣ саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд. Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба наздики 100 адад расид.

Зимнан зикр мегардад, ки руйдоди муҳими ин сафари расмӣ баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Беларус, Афғонистону Ӯзбекистон, иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус ва ба истифода додани марҳилаи аввали корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.