Гусели автобуси аввали хатсайри Тошканд – Хуҷанд бо рақсу тарона

Автобуси аввал, ки бо хатсайри Тошканд – Хуҷанд рӯзи 15 май ба роҳ баромад, бо садои карнайи сурнай ва рақсу тарона гуселу пешвоз гирифта шуд. Минбаъд автобусҳои мусофирбар тамоми сол мунтазам бо ин хатсайр равуо намуда, дар назар аст, ки ҳарду ҷониб ҳамарӯза се маротиба равуои автобусҳоро ба роҳ монанд, хабар медиҳад Podrobno.uz. Арзиши билети […]

Podrobno.uz

Автобуси аввал, ки бо хатсайри Тошканд – Хуҷанд рӯзи 15 май ба роҳ баромад, бо садои карнайи сурнай ва рақсу тарона гуселу пешвоз гирифта шуд.

Минбаъд автобусҳои мусофирбар тамоми сол мунтазам бо ин хатсайр равуо намуда, дар назар аст, ки ҳарду ҷониб ҳамарӯза се маротиба равуои автобусҳоро ба роҳ монанд, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Арзиши билети хатсайри Тошканд – Хуҷанд – 50 ҳазор сӯм ва Хуҷанд – Тошканд – 50 сомониро ташкил медиҳад. Пардохт дар қаламрави Ӯбекистон бо сӯм (UZS) ва Тоҷикистон – бо сомонӣ (TJS) сурат мегирад.

Тафтиши ҳуҷҷатҳо ва азназаргузаронии бағочи мусофирон аз ҷониби марзбонону кормандони гумруки ҳарду ҷониб дар гузаргоҳҳои «Ойбек» Ӯзбекистон) ва «Фотеҳобод» (Тоҷикистон) анҷом дода шуда, ин автобусҳо, мусофирон ва бағочи онҳо бенавбат, ҷудогона аз дигар убуркунандагони марз ба ин расмиёт (газаштан аз сарҳад) роҳ дода мешаванд, ки ба тезтар гузаштани марз мусоидат менамояд.

Таваққуфҳои техникӣ ва мусофиргириву фаромадани онҳо дар Тошканд, Нурафшон, Бук, гузаргоҳҳои «Ойбек» ва «Фотеҳобод», Бӯстон ва Хуҷанд сурат мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.