Хаттотӣ дар Ӯзбекистон ва самтҳои истифодаи ҳозираи он

Агар тамоми ин муддат гумон доштед, ки миёни ҷавонон ҳозир ҳунарҳое ба мисли боди-арт, декупаж ё пэчворк маъруфанд, пас сахт ба иштибоҳ афтодаед. Аққалан бо ин сабаб, ки ба гунаи мисол дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон ҷавони зиёде ба хаттотӣ дил бастаанд, ки ҳамеша касби қадимаву чанде фаромӯшшуда маҳсуб меёфт. Дар гузориши нави лоиҳаи «Салом, соседи!» (Салом, […]

Шуҳрат Шокирҷонов, махсус барои Asia-Plus

Агар тамоми ин муддат гумон доштед, ки миёни ҷавонон ҳозир ҳунарҳое ба мисли боди-арт, декупаж ё пэчворк маъруфанд, пас сахт ба иштибоҳ афтодаед.

Аққалан бо ин сабаб, ки ба гунаи мисол дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон ҷавони зиёде ба хаттотӣ дил бастаанд, ки ҳамеша касби қадимаву чанде фаромӯшшуда маҳсуб меёфт.

Дар гузориши нави лоиҳаи «Салом, соседи!» (Салом, ҳамсояҳо!) хаттоти шинохта Абдуҷалил Эргашев перомуни муҳим будани хушнависӣ (хати зебо) ва айни замон дар кадом самтҳо истифода шудани он дар Ӯзбекистон маълумот медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ин навъи ҳунар беш аз 2000 тарзу усул дошта, бештар маъруфашон айни замон хатҳои куфӣ, сулсӣ ва настаълиқ мебошанд.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.news ва [email protected].

Ҳамчунин лоиҳаи «Салом, соседи!» ҳамтоёни тоҷику ӯзбекро ба ҳамкорӣ даъват мекунад – сюжетҳоятонро ирсол намоед, қаҳрамонҳои нав ва мавзӯъ барои гузоришҳои тозаро, ки барои ҳамсояҳо шавқовар буда метавонанд, пешниҳод кунед!

Ҳадафи роҳандозии лоиҳаи мо хеле оддист – кумак ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои боз ҳам бештар фаҳмидану наздиктар шудан ба ҳамдигар. Аз ин рӯ, гузориши аввали мо ба коғази самарқандӣ ва минбаъдааш ба симои беназири тоҷикон аз нигоҳи дастгоҳи суратгирии мусаввир ва аксбардор Аниса Собирӣ рабт дошт.

Салом, ҳамсояҳо хонаободу саодатманд бошед!

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.