Анҷоми тафтиш ва ирсоли парвандаи Хайрулло Мирсаидов ба суд

Тафтиши парвандаи журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов ба анҷом расид. Пагоҳ он ба суд ирсол мегардад. «Баррасии парвнадаи ҷиноӣ нисбати Хайрулло Мирсаидов ба итмом расида, айни замон он дар зинаи назоратӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар назар аст, ки пагоҳ парванда ба баррасии суд ирсол шавад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Тафтиши парвандаи журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов ба анҷом расид. Пагоҳ он ба суд ирсол мегардад.

«Баррасии парвнадаи ҷиноӣ нисбати Хайрулло Мирсаидов ба итмом расида, айни замон он дар зинаи назоратӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар назар аст, ки пагоҳ парванда ба баррасии суд ирсол шавад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сарёвари проурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова, вале аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

Парвандаи ҷиноии Мирсаидов мавриди тафтиши прокуратураи вилояти Суғд қарор гирифт. Аз 5 декабри соли гузашта ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад. Муҳлати боздошт пешакии ӯ ду маротиба дароз карда шуд.

Моҳи ноябри соли гузашта Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.