Тасдиқи гирифтани қарзи Кувейт барои таъмиру навсозии роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб

Палатаи поёнии парлумон Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб»-ро тасдиқ намуд. Дар доираи ин санади қаблан баимзорасида Фонди рушди иқтисодии арабии Кувейт ба ҳукумати Тоҷикистон беш аз 25 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад. Созишнома моҳи марти соли ҷорӣ ба тасвиб расида, рӯзи 16 май дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб»-ро тасдиқ намуд.

Дар доираи ин санади қаблан баимзорасида Фонди рушди иқтисодии арабии Кувейт ба ҳукумати Тоҷикистон беш аз 25 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Созишнома моҳи марти соли ҷорӣ ба тасвиб расида, рӯзи 16 май дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикитсон аз ҷониби вакилони парлумон маъқул шуморида шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, дар чаҳорчӯби созишнома Фонди Кувейт ҷиҳати таъмиру навсозии ду қитъаи роҳи мошингарди бараш 10 метри Кӯлоб – Қалъаи Хумб: 32 километр аз шаҳри Кӯлоб то Шӯрообод ва 26 километр аз Шкев то Қалъаи Хумб 25,5 млн. доллар маблағ ихтисос медиҳад.

Маблағи умумии лоиҳа 115,5 млн. долларро ташкил медиҳад. Арзиши умумии буҷетии лоиҳа бо шумули ҳолатҳои ғайримунтазира ва фоизҳо дар давраи амалисозӣ, тақрибан 150 млн. доллар арзёбӣ шуда, муҳлати пардохти қарз 24 сол муқаррар шудааст.

Интизорӣ меравад, ки амалисозии лоиҳаи мазкур соли равон оғоз гардида, соли 2022 ба итмом мерасад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.