Маблағи закоти моҳи Рамазон 510 сомонӣ муқаррар шуд

Шӯрои уламои Тоҷикистон маблағи закоти моҳи шарифи Рамазонро муайян кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи дин, мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2018 ба ҳисоби тақвимӣ рӯзи панҷшанбе 17-уми май муайян карда шуда, то 16 июн давом ва бо таҷлили Иди Рамазон анҷом меёбад. Дар маълумоти Кумитаи қайд мешавад, ки мувофиқи […]

Asia-Plus

Шӯрои уламои Тоҷикистон маблағи закоти моҳи шарифи Рамазонро муайян кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи дин, мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2018 ба ҳисоби тақвимӣ рӯзи панҷшанбе 17-уми май муайян карда шуда, то 16 июн давом ва бо таҷлили Иди Рамазон анҷом меёбад.

Дар маълумоти Кумитаи қайд мешавад, ки мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар карда шуда, аз он 510 сомонӣ закот дода мешавад.

«Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад», – қайд мешвад дар маълумот.

Гуфта мешавад, фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2018 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

Имомхатибон вазифадор карда шуданд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва волоияти арзишҳои миллӣ, илмомӯзии наврасону ҷавонон ва расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон аз ҳисоби садақаи фитр, пешгирии исрофкориҳо ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то рӯзи 20 май дар ҷумҳурӣ обуҳавои боронӣ ва раъду барқу боридани жола дар назар буда, ҳарорат начандон гарм мешавад. Болоравии ҳарорат аз 24 июн то ба 26 дараҷа гармӣ пешбинӣ шуда, моҳи июни ҳарорати ниҳоӣ дар сатҳи 33 дараҷа гармӣ қарор мегирад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Рӯзи иди Рамазон баъд аз супурдани фитри рӯза ва адои намози идона, мардум ба зиёрати хешовандону наздикон ва иддае барои фотеҳахонӣ сари мадфани гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона густурда шуда, кӯдакон низ бо табрикот ба хонаҳо мераванд ва ба онҳо дастовезҳои идона дода мешавад. Мутобиқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Рамазон рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.