Афзоиши сеяки муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон

Date:

Тӯли 4 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 395 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,5 фоиз зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2017 давоми моҳҳои январ-апрели ҳамин сол ҳаҷми муомилот 350 млн. доллар афзудааст.

Ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ 332 млн. долларо ташкил додааст, ки қариб 12% (35 млн. доллар) нисбат ба моҳҳои январ-апрели соли гузашта бештар аст.

Тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ воридот ба маблағи 1 млрд. 62 млн. доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 42% ё худ 315 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Ҳамин тариқ, касри тавозуни савдо давоми моҳҳои январ-апрели соли равон 731 долларро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаи рӯйпӯш кардани воридот аз ҳисоби содирот аз 39,7% дар соли гузашта то ба 31,2% дар соли равон коҳиш ёфтааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, тайи 4 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия беш аз 310 млн. долларро ташкил додааст.

Ҳамчунин ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Қазоқистон (268 млн. доллар) ва Чин (202 млн. доллар) низ дохил мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...