Пайкараи дӯстӣ: Ҷомӣ ва Навоӣ дубора паҳлӯи ҳамдигар шуданд

Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон муҷассамаи шоирон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки 9 сол пеш барканда шуда буд, дубора барқарор гардид. Тавре ба шумо маълум аст, ин рӯйдоди фараҳбахш моҳи марти соли равон ба вуқӯъ пайваст. Ин асари санъату фараҳанг ҳанӯз соли 1970 бунёд гардида, бо муаллифони ин пайкара – Ҳакимхоҷа Ҳусниддинхоҷаев (1928-1986) ва Владимир […]

Шуҳрат Шокирҷонов, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон муҷассамаи шоирон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки 9 сол пеш барканда шуда буд, дубора барқарор гардид.

Тавре ба шумо маълум аст, ин рӯйдоди фараҳбахш моҳи марти соли равон ба вуқӯъ пайваст. Ин асари санъату фараҳанг ҳанӯз соли 1970 бунёд гардида, бо муаллифони ин пайкара – Ҳакимхоҷа Ҳусниддинхоҷаев (1928-1986) ва Владимир Лунёв (1936-1993) мо табиист, ки вохӯрда наметавонистем.

Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки ба рассом ва ҳайкалтарош Нуриддин Калонов, ки ба ӯ дар муддати 10 рӯз ҳамроҳ бо дастаааш барқарор кардани пайкара муяссар шудааст, муроҷиат намоем.

Муҷассама рамзи муносибатҳои барқароршуда байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дӯстии ногусастании мардуми тоҷику ӯзбек аст.

Мутмаинем, ки маълумот доир ба ҳаёти мардуми оддӣ натанҳо аз шаҳрҳои бузург, балки аз шаҳрҳои хурд ё ба сурати умум на аз шаҳр, дар расонаҳои имрӯз хеле камёфтанд.

Аз ин рӯ, дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Салом соседи!», ки баҳри ба ҳамдигар боз ҳам наздиктар шудани тоҷикону ӯзбекон роҳандозӣ шудааст, мо бо ҳамкоронамон талош хоҳем кард, ки ин камбудӣ бартараф шавад.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.news ва [email protected].

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст