Раиси Хуҷанд ба тозакунии кӯчаҳо аз навиштаҷоти пурғалат дастур дод

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, бо мақсади омодагии шаҳр ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоӣ аз ҳолати воқеъии канори кӯчаҳо аз мавзеъи варзишгоҳи «Спартак»-и хиёбони Исмоили Сомонӣ то китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  пиёда боздид намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, Маъруф Муҳаммадзодаро дар ин боздид муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси […]

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, бо мақсади омодагии шаҳр ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоӣ аз ҳолати воқеъии канори кӯчаҳо аз мавзеъи варзишгоҳи «Спартак»-и хиёбони Исмоили Сомонӣ то китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  пиёда боздид намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, Маъруф Муҳаммадзодаро дар ин боздид муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, директори генералии КВДК «СО ва ХМК»-и шаҳр, сардорони қитъаҳои зертобеъ, раисони кумитаи маҳаллаҳои Суғдиён ва Мевағул, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр ҳамроҳӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки гулҳои шинонидашудаистодаи хиёбонҳои шаҳр бо нақша ва дизайни нав шинонида шавад. Фавран барои обёрии гулҳои кӯчаҳои шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин мавзеъҳо нуқтаи обтаъминкуни ташкил гардад.

Ороиши намои бинои №49 ва шишабандии ошёнаи якуми мағозаҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ бо дизайни нав тезтар ба анҷом расонида шавад.

Раиси шаҳр аз ҳолати насби овезаву рекламаҳои гуногуни пур аз ғалат ва ноҷурии мағозаҳо, ки ҳусни шаҳрро коста менамуд, интиқод карда, супориш дод, ки фавран тамоми мағозаҳо ва нуқтаҳои савдои ошёнаи якуми биноҳои 37, 39 ва 49-и хиёбони Исмоили Сомонӣ аз ҳаргуна навиштаҷоту рекламаҳо тоза карда шуда, тасполакҳои шикастаи роҳравҳо барқарор карда шавад. Роҳбари шаҳр аз вазъи ҷӯйборҳои даромадгоҳи байни биноҳои 37 ва 39 изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини ободонӣ ва роҳсозӣ дастур дод, ки он аз нав дуруст таъмир, ҷойи оббаро ташкил ва ҳолати роҳ ба талабот мувофиқ гардонида шавад. Ба роҳбарияти идораи кабудизоркунӣ супориш дода шуд, ки буриши мавсимии тамоми гулҳои садбарги кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гузаронида шуда, нигоҳубини онҳо таҳти назорат қарор гирад.

Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор барои гузаронидани таъмири биноҳо дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкон  дар биноҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ дастуру супоришҳи мушаххас дод.

Ҳамчунин дар ҷараёни боздиди худ Раиси шаҳр аз маҳаллаи “Навбаҳор”, микроноҳияи 34-и шаҳр ошноӣ пайдо намуд. Ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки барои бартараф намудани нуқтаҳои ғайриқонунии савдо ва ҳаргуна сохтмонҳо аз гирду атрофи бозори маҳаллаи 34 дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ тадирбҳо андешида шавад. Ҳамчунин мошинсаройҳои ғайриқонунӣ, ҳаргуна симтӯру панҷараҳо ва  хоначаҳои худсохти назди биноҳои истиқоматии №24, 34, 36, 37, 39-и микроноҳияи 34-ум бартараф карда шуда, тозаву обод ва кабудизор карда шавад.

Ба корҳои сохтмонии майдончаи нави варзишӣ ва бетонрезию мумфаршкунии  атрофи муассисаи томактабии №28 суръат бахшида шавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчунин аз маҳаллаи Дӯстии халқҳо, хиёбони Рифъат Ҳоҷиев, микроноҳияҳои 19 ва 18, Гимназияи №24  боздид ба амал оварданд.

Дар ин мавзеъҳо аз ҷониби шаҳрдор ҷиҳати бартараф намудани мошинсаройҳои ғайриқонунӣ, ҳаргуна симтӯру панҷараҳо ва  хоначаҳои худсохти назди биноҳои истиқоматии роҳҳои асосии шаҳр ва суръатбахшии корҳои кабудизоркуниву гулзоркунӣ дар Гимназияи №24 вусъат дода шавад.

Маъруф Муҳаммадзода  ҳамзамон аз вазъи ободонии маҳаллаи 3 ва шоҳроҳи Истиқлол ошноӣ пайдо намуда, барои тезтар ба анҷом расонидани корҳои тайёрии замини давра ва секунҷаи калони маҳаллаи 3 бо шумули кабудизор ва гулзор намудани мавзеъ ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Идораи “Хуҷандобуканал” барои дар майдонҳои миёнароҳ аз  Минтақаи озоди иқтисодии Суғд то гардишгоҳи маҳаллаи 8 баровардани нуқтаҳои оби полезӣ масъул гардид.

Дар анҷоми боздиди Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз мавзеъҳои номбурдаи шаҳр ба иҷрокунандагон ва масъулин супориш дода шуд, ки то 1 июни соли 2018 барои бо сифати баланд иҷро намудани вазифаҳои дар боло қайдгардида саъю кӯшиш намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.