Сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе чиро баррасӣ мекунанд?

Пагоҳ, 1 июн дар Душанбе таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа баррасии лоиҳаи 14 санадҳо доир ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар чаҳорчӯби ИДМ ба нақша гирифта шудааст. […]

Asia-Plus

Пагоҳ, 1 июн дар Душанбе таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад.

Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа баррасии лоиҳаи 14 санадҳо доир ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар чаҳорчӯби ИДМ ба нақша гирифта шудааст.

Маъмулан ҷаласа дар ду шакл сурат мегирад. Дар мулоқоти хосса роҳбарони ҳайатҳо атрофи масоили муҳими ҳамкории иқтисодӣ табодули назар намуда, ҷараёни гуфтушунид оид ба Созишнома дар бораи савдои озоди хизматрасониҳоро баррасӣ мекунанд.

Дар ҷаласаи ҳайати васеъ имзои санадҳое чун Консепсияи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи рушди инноватсионии энергетика ва таҳияи технологияҳои пешқадами энергетикӣ ва Нақшаи тадбирҳои авлавиятнок оид ба татбиқи он, Созишнома оид ба ташаккул ва рушди бозори моликияти зеҳнии кишварҳои узви ИДМ дар назар аст.

Ғайр аз ин, иштирокчиёни ҷаласа санадҳои марбут ба Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узвии ИДМ дар самти идораи партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникиро баррасӣ карда, Маҷмӯи амалҳои муштараки кишварҳои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳорӣ дар давраи то соли 2025-ро қабул мекунанд.

Дар соҳаи гуманитарӣ баррасии лоиҳаҳои қарорҳо оид ба Низомнома дар бораи Конгресси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои иштирокдори ИДМ ва дар бораи Лоиҳаи байналмилалии ҷавонони давлатҳои иштирокдори ИДМ «100 ғоя барои ИДМ» низ муҳим ба шумор мераванд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ як қатор қарорҳои вобаста ба соҳаи молия ва кадрҳо низ қабул мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.