Терминалҳои пардохт кори онлайн-ҳамёнҳоро барқарор карданд

Терминалҳои пардохт аз моҳи июн кори онлайн-ҳамёнҳоро барқарор карданд. Ин маълумотро ба “Азия-Плюс” дар яке аз ширкатҳои молики терминалҳои пардохти кишвар тасдиқ намуданд. Бино ба гуфтаи манбаъ, барои барқарор шудани кори онлайн-ҳамёнҳо роҳбарони терминалҳо  як қатор шартҳои Бонки миллии Тоҷикистонро иҷро карданд. Зимнан зикр гардид, ки яке аз шартҳои асосии Бонки миллӣ шаффофияти мубодилаи суратҳисоби […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Терминалҳои пардохт аз моҳи июн кори онлайн-ҳамёнҳоро барқарор карданд. Ин маълумотро ба “Азия-Плюс” дар яке аз ширкатҳои молики терминалҳои пардохти кишвар тасдиқ намуданд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, барои барқарор шудани кори онлайн-ҳамёнҳо роҳбарони терминалҳо  як қатор шартҳои Бонки миллии Тоҷикистонро иҷро карданд.

Зимнан зикр гардид, ки яке аз шартҳои асосии Бонки миллӣ шаффофияти мубодилаи суратҳисоби пурмешуда буд.

“Яъне зимни пул гузаронидан ба онлайн-ҳамён мизоҷ акнун мубодилаи асъори худро бо доллар ва рубл тибқи қурби Бонки миллӣ мебинад”, – хабар дод манбаъ.

Талаби дигари Бонки миллӣ дар муқаррар кардани комиссияи ягона барои ҳамаи ҳамёнҳо ифода меёфт, ки айни замон дар терминалҳо 10% комиссия аз шумори умумии маблағи воридмешуда муқаррар шудааст.

Тӯли чор моҳи охир пур кардани суратҳисоби онлайн-ҳамёнҳо дар Тоҷикистон тариқи терминалҳои пардохт ғайриимкон буд, аломатҳои ҳамён дар монитор вуҷуд дошта, лекин амалиёт бо онҳо дастнорас буд.

Мувофиқи қонунгузорӣ айни замон терминалҳо назди бонкҳо ё ташкилотҳои қарзии хурд кор мекунанд: хизматгузорони ин соҳа ҳанӯз то моҳи апрел бояд иҷозатномаи Бонки миллиро мегирифтанд.

Гап сари он аст, ки тибқи қонун “Дар бораи низомҳои пардохт”, ширкатҳои тиҷоратии машғул ба қабули пардохтҳо тариқи терминалҳо бояд бо ташкилотҳои қарзӣ қарордод баста, ба сифати агентҳои бонкии пардохт амал кунанд.

Онлайн-ҳамёнҳои бештар маъмулу писандида дар Тоҷикистон QIWI, Yandex ва Webmoney мебошанд, аз онҳо асосан барои пардохти маблағи маҳсулот ё хизматрасонӣ тавассути интернет ва интиқоли маблағ ба суратҳисоб ё кортҳои бонкӣ истифода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.