Собиқ муовини вазири маорифи Қирғизистон роҳбари нави Билайн дар Тоҷикистон

Ба ширкати Билайн дар Тоҷикистон директори нави генералӣ таъин шуд. Мутахассис аз Қирғизистон Алмазбек Қодирқулов ба ин вазифа таъин шуд. Ин маълумотро бо шарти ифшо нашудани ному насаб дар ширкати «Билайн Тоҷикистон» тасдиқ карданд. Директори нави генералӣ рӯзи 11 июн ба кормандони ширкат муаррифӣ шуд. Бино ба иттилои манбаъ, дар Қирғизистон Қодирқулов дар мансабҳои муовини […]

Asia-Plus

Ба ширкати Билайн дар Тоҷикистон директори нави генералӣ таъин шуд. Мутахассис аз Қирғизистон Алмазбек Қодирқулов ба ин вазифа таъин шуд.

Ин маълумотро бо шарти ифшо нашудани ному насаб дар ширкати «Билайн Тоҷикистон» тасдиқ карданд. Директори нави генералӣ рӯзи 11 июн ба кормандони ширкат муаррифӣ шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар Қирғизистон Қодирқулов дар мансабҳои муовини вазири маориф ва илм, директори Агентии давлатии алоқаи назди ҳукумати ин кишвар, раиси Раёсати ҶСК «Қирғизтелеком», ҳамчунин раиси Фонди идоракунии амволи давлатии Қирғизистон кор кардааст.

Дар ҳамин ҳол, санаи 8 июн Холдинги VEON Ltd.-и Голландия изҳор намуд, ки ҷараёни фурӯши воҳиди худро дар Тоҷикистон пурра ба итмом расонидааст. Акнун ҶДММ «Таком» ба ширкати ZET Mobile Limited тааллуқ дорад. Тафсилоти муомилот алҳол маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 апрел VEON Ltd. дар бораи созиш ҳосил крадан бо ширкати ZET Mobile Limited изҳорот пахш намуд. Дар санад зикр шуда буд, ки ин тасмим ба стратегияи ширкат оид ба ба ҳадди камтарин расонидани сандуқи дороиҳои телекоммуникатсионӣ ва баромадан аз бозорҳои тиҷораташ хурд барои ширкат асос ёфтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.