Пирӯзии Фаррух Амонатов дар мусобиқаи шоҳмоти Ҳиндустон

spot_imgspot_img

Дата:

Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов бо касби 8 имтиёз аз 10 имтиёзи имконпазир дар мусобиқаи «А» дар Ҷоми раиси шаҳри Мумбаи пирӯзӣ ба даст овард. Намояндаи Нидерланд Роланд Прюйссерс низ ҳамин миқдор хол гирифта, имтиёзи боз нуҳ иштирокчиён нимхолӣ пасттар аст.

Шоҳмотбози дуюми Тоҷикистон аз рӯи рейтинг Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев бо касби 6,5 хол миёни 256 нафар иштирокчиён зинаи 29-умро ишғол намуд.

Тавре нашрияи The Times of India менависад, соли гузашта Фаррух Амонатов дар ин мусобиқа мақоми дуюмро касб карда буд. Мувофиқи регламенти мусобиқа, ба ҳамаи иштирокчиёне, зинаҳои аз 1 то 10-умро ишғол мекунанд, мукофотпулӣ дода мешавад. Ба ғолиб 3,3 млн. рупий мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Маълумотнома: Фаррух Амонатов 13 апрели соли 1978 таваллуд шудааст. Қаҳрамони Осиё байни наврасон (1992), чандин карат қаҳрамони Тоҷикистон, ғолиби мусобиқаҳои «Москва-Опен», «Владимир-Опен». Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш маротиба дар Олимпиадаҳои шоҳмот – солҳои 1996, 1998, 2002, 2006, 2010 ва 2012 иштирок кардааст. Гроссмейстери байнулмилалӣ аз соли 2002.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...