Театри Ӯзбекистон бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон меояд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2018 Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ бо намоишномаи «Не обтесенная невеста» ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, намоишномаи «Не обтесенная невеста» 29 июн дар шаҳри Хуҷанд дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ, 30 июн дар шаҳри […]

Asia-Plus

Аз 29 июн то 2 июли соли 2018 Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ бо намоишномаи «Не обтесенная невеста» ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, намоишномаи «Не обтесенная невеста» 29 июн дар шаҳри Хуҷанд дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ, 30 июн дар шаҳри Душанбе дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ва 1 июл дар шаҳри Бохтар дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи А.Муҳаммадҷонов манзури ҳаводорони санъати театрӣ мешавад.

Сафари ҳунарии ҳунарпешаҳои ӯзбек дар доираи созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар бо мақсади густариши муносибатҳои фарҳангӣ, таҳкими равобити дӯстӣ, баланд бардоштани завқи бадеӣ ва шинос гардонидани тамошобини тоҷик бо санъати театрии ӯзбек баргузор мегардад.

Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ 30 ноябри соли 1939 таъсис дода шуда, тӯли ин солҳо дар толори он устодони зиёди санъати театру кинои ин кишвар ҳунарнамоӣ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.