Болоравии назарраси нархҳо моҳи май дар Тоҷикистон

Сатҳи нисбатан баланди таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон аз оғози сол моҳи май ба қайд гирифта шуд: моҳи гузашта нарху тарифҳои хизматгузорӣ 0,6% боло рафтанд. Сатҳи солонаи таваррум (12 моҳи охир) ба охири моҳи май 1,7%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон. Болоравии нархҳои истеъмолӣ аз оғози сол (давоми панҷ моҳ) 0,4%-ро ташкил дод. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи нисбатан баланди таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон аз оғози сол моҳи май ба қайд гирифта шуд: моҳи гузашта нарху тарифҳои хизматгузорӣ 0,6% боло рафтанд.

Сатҳи солонаи таваррум (12 моҳи охир) ба охири моҳи май 1,7%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Болоравии нархҳои истеъмолӣ аз оғози сол (давоми панҷ моҳ) 0,4%-ро ташкил дод. Ин ба он вобаста аст, ки тӯли моҳҳои феврал ва марти соли равон поинравии нарху тарифҳо ба мушоҳида расида буданд.

Ҷараёни думоҳаи коҳиши нарху тарифҳои хизматгузорӣ моҳи апрел ба итмом расида, ин моҳ мизони таваррум ба 0,5% баробар шуд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,7 фоизро ташкил дод. Соли равон нигоҳдории мизони таваррум дар сатҳи 7 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Давоми солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 – 5,1 фоиз сабт шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.